Саттор Байзоев
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Саттор Байзоев (тав. 3 апрели 1954, Ӯротеппа) — риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика (1999), профессор (2004). Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1991)[1].
Remove ads
Зиндагинома
Факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро бо дипломи аъло хатм кардааст (1976). Сарлаборант (1976—1980), корманди хурди илмӣ (1980—1984), корманди калони илмӣи Пажуҳишгоҳи математикаи АУ ҶТ, дотсенти ДДТ ба номи В. И. Ленин (1989—1993), дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1993—1995), дотсент (1995—2000), профессор, мудири кафедраи математикаи оли ва информатика (2000—2002), мудири кафедраи математикаи оли ва амсиласозии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (солҳои 2002-2015). Аз 2015 – то ҳол – профессори кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.[2]
Иштироккунандаи якчанд конфронс ва симпозиумҳои байналхалқӣ (Маскав, 1982; Ленинград, 1983; Галле (Олмон), 1985; Киев, 1992; Новосибирск, 1999; Прага, 2001; Лвов, 2002; Воронеж, 2003; 2006) мебошад.
Remove ads
Фаъолияти илмӣ
Таҳқиқоти Саттор Байзоев ба назарияи ҳалҳои маҳдуд ва даврии силсилаҳои навъи эллиптикӣ ва гиперболӣ дар ҳамворӣ, назарияи устуворӣ, назарияи матритсаҳо ва математикаи ҳисоббарор бахшида шуда, натиҷаҳояшон дар ҳидродинамика, аэродинамика, масъалаҳои устувории низомҳои ғайрихаттии танзиму идоракунӣ васеъ татбиқ мешаванд. Муаллифи беш аз 100 таълифоти илмӣ. Миқдоре аз мақолаҳои илмиаш дар нашрияҳои илмии Россия, Олмон, ИМА ва диг. давлатҳо нашр шудаанд[3].
Remove ads
Осори илмӣ
- Эллиптические системы с ограниченными коэффициентами на плоскости. — Новосибирск, 1999;
- Мисолу масъалахо аз программасозии хаттӣ. — Хуҷанд, 2002.[4]
- Баъзе фаслҳои математикаи олӣ. Хуҷанд, — 2011
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads