Сафармурод Ниёзов

From Wikipedia, the free encyclopedia

Сафармурод Ниёзов
Remove ads

Сафармурод Ниёзов (туркманӣ: Saparmyrat Ataýewiç Nyýazow) (19 феврали 194021 декабри 2006) – раҳбари Туркманистон аз соли 1985 то соли 2006.

Quick facts Сафармурод Атаевич Ниёзов, Ҷонишин ...
Remove ads

Зиндагинома

Сафармурод Ниёзов 19 феврали соли 1940 дар рустои Қипчоқ наздики шаҳри Ишқобод зода шудааст. Падараш дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ва модару ду бародараш дар зилзилаи соли 1948 ҳалок гардидаанд. Сафармурод Ниёзов дар парастишгоҳи ятимон таълиму тарбия гирифтааст. Фаъолияти кории худро пас аз хатми мактаби миёна соли 1959 ҳамчун коргари одӣ оғоз намуд. Вай дар Донишгоҳи энегетикии Маскав ва Донишгоҳи политехникии Ленинград таҳсил кардааст. Моҳи декабри соли 1985 котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Туркманистон интихоб шуд.

  • 1965 — формовщик дар заводи Кирови ш. Ленинград.
  • аз соли 1967 — усто, устои калони НБЭ ба номи Ленини вилояти Ашхобод.
  • аз с.1970 — инструктор, ноиби мудири шуъбаи КМ ҲКТ Ҳизби коммунисти Туркманистон.
  • соли 1976 — шуъбаи ғойибонаи мактаби ҳизбии назди КМ ҲКИШ Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ хатм кардааст.
  • аз соли 1980 — котиби аввали кумитаи шаҳрии ҲКТ Ашхобод.
  • аз соли 1984 — инструктори шуъбаи кори ҳизбии КМ ҲКИШ Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ.
  • март — декабри соли 1985 — Сарвазири Туркманистон.
  • аз 21 декабри 1985 то 16 декабри 1991 — котиби аввали КМ Ҳизби коммунисти Туркманистон.
  • аз соли 1986 — узви КМ ҲКИШ, с 1990 узви бюрои сиёсии КМ ҲКИШ.
  • аз январи 1990 — раиси Шурои Олии ҶШС Туркманистон.

Вакили анҷуманҳои XXVI (1981), XXVII (1986), XXVIII (1990) ва конференсияи XIX ҲКИШ Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (1988). Вакили Халқии ИҶШС. Узви ШО ИҶШС.

Ниёзов пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ Раиси Ҷумҳурии Туркманистон интихоб шуд ва дар ин симат до дами маргаш монд. Дар замони раёсаташ ӯро Туркманбошӣ, Сардор, Ҳамешабузург Сафармурод Ниёзов ва Пешсафи ҳамаи Туркманҳо[4], бунёдгузор ва сарвари Ассотсиатсияи Туркаманҳои Ҷаҳон низ меномиданд.

Моҳи декабри соли 1999 Шӯрои мардумии Туркманистон Сафармурод Ниёзовро раиси ҷумҳури якумра таъйин карда буд, аммо Ниёзов гуфта буд, ки соли 2008 ба ҳар ҳол интихоботи раиси ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд.[5]

Remove ads

Донистаниҳо

Сафармурод Ниёзов аз соли 1985 то 2006 Туркманистонро раҳбарӣ мекард ва тайи ин солҳо дар саросари он кишвар садҳо ҳайкал ва нимпайкараи ӯ гузошта шудааст. Бузургтарин пайкараи зарандуди Ниёзовро, ки соли 1998 дар майдони марказии шаҳри Ишқобод насб шуда буд, соли 2011 канда, ба макони дигар интиқол доданд. Тибқи иттилои расмӣ, барои интиқоли пайкараи тилоии Ниёзов ба макони дигар аз будҷаи давлат 50 миллион доллар харҷ шудааст.[6]

Пайкараи тилокории президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзовро, ки дар маркази шаҳри Ишқобод, пойтахти ин кишвар қомат афрохта буд, канданд.(Боз ҳайкали тилоии президентро канданд 24.07.2017| бештар... Бойгонӣ шудааст 18 сентябри 2017  сол.)

Remove ads

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads