Саффориён
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Саффориён (форсӣ: صَفّاریان) — дудмони эронӣ, ки бар густарае шомили бахшҳое аз Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Туркманистони кунунӣ дар солҳои 861—1003 ҳукумат мекарданд[1] ва нақши басазое дар раванди фурӯпошии сиёсии хилофати Аббосӣ доштанд[2]. Онон худро аз наберагони Сосониён медонистанд, ки пас аз ҳамлаи аъроб ба Систон муҳоҷират карда буданд.
Дар замони Саффориён забони форсӣ забони расмӣ шуд ва то ҳудуде аз марги тадриҷии он ҷилавгирӣ шуд. Ба тавре ки Яъқуби Лайс дастур дода буд, ки дар кохи ӯ танҳо ба забони форсӣ сухан гуфта шавад ва сухан гуфтан ба забони арабӣ дорои муҷозот буд, ҳамчунин Яъқуби Лайс аз шоирони бисёре ҳимоят мекард.
Remove ads
Таърих
Яъқуб дар шаҳри Заранҷа чанд вақт шогирди саффор (мисгар) буд, ки номи сулола аз ҳамин ҷост. Бародаронаш дар сипоҳи хилофат буданд. Баъди даъват шуданаш Яъқуб низ дар артиш шуҳрат пайдо карда, сардори ҳарбӣ ва соҳибмулки маҳаллиро аз амал дур кард ва соли 861 амири Систон шуд. Ӯ ба дастгирии сипоҳиёни худ такя карда, аз итоати халифа сар кашид ва то соли 873 тамоми Эрони Ҷанубӣ ва Шарқӣ, қисман ҳудуди Афғонистони кунуниро забт кард. Соли 875 ба муқобили халифаи Бағдод лашкар кашид, вале дар муҳориба шикаст хӯрда, қисми зиёди мулкашро аз даст дод ва соли 879 вафот кард. Баъди вафоти ӯ бародараш Амр ибни Лайс (879—900) худро волии халифа эълон намуда, кӯшиш кард, ки мулкҳои Исмоили Сомониро зери даст кунад, вале ин кор ба ӯ муяссар нашуд ва соли 902 ба қатл расид. Мулкҳои Саффориён байни солҳои 900 ва 908 ба давлати Сомониён ҳамроҳ шуд. Саффориён чун вассалҳои Сомониён дар Систон то ибтидои асри 14 дар сарчашмаҳо ба назар расанд ҳам онҳо мавқеи намоёни сиёсӣ надоштанд[3].
Remove ads
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads