Сергей Захаров

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Захаров Сергей Акимович (10.1.1910, Петербург – 1987, Душанбе) — геологи шӯравӣ, академик, доктори илмҳои геология ва минералогия (1961), профессор (1967), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1978). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1980).

Quick facts Захаров Сергей Акимович, Таърихи таваллуд ...
Remove ads

Корнома

Хатмкардаи Институти маъдани кӯҳии Ленинград (1938). Ихтисос — «геология», узви вобаста, 1968). Фаъолияти илмиаш аз соли 1936 оғоз гардидааст. Солҳои 1940–41 дар фабрикаи харитасозии ш. Ленинград, солҳои 1941–43 дар Раёсати геологияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва аз соли 1943 дар Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (то соли 1951 филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС) кор кардааст. Солҳои 1961–87 мудири шуъбаи геотектоникаи Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (ҳоло Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология) буд. Геология ва тектоникаи силсилакӯҳҳои Тиёншони Марказӣ ва Помиру Олойро таҳқиқ кардааст. Зимни омӯзиши хусусиятҳои тектоникии ҷануби Тоҷикистон ва минтақаи ҳамшафати он ҳаракатҳои уфуқии чандинкилометрии қишри Замини ин мавзеъро муайян карда, фарзияи тектогенези минтақавиро ба миён гузошт. Доир ба ҷустуҷӯи ҳавзаи нафту газдори табақаҳои амиқи қишри замини ҷануби Тоҷикистон ва хусусиятҳои зилзиланокии атрофи сохтмони НБО-и Норак тавсияҳо додааст. Ширкатдори чандин конгреси ҷаҳонии геологӣ.

Remove ads

Ҷоизаҳо

  • Бо ордени «Нишони Фахрӣ»,
  • медалҳои «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузургии Ватании солҳои 1941—1945»,
  • «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»,
  • «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»,
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1980).

Эзоҳ

Адабиёт

Сарчашма

Нигаред

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads