Суманак

From Wikipedia, the free encyclopedia

Суманак
Remove ads

Суманак, Сумалак, Саманӯ — навъе аз хӯриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эхёи табиъат ва зебоию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Ду хафта кабл аз чашни Наврӯз мардум дар хонаҳои худ, дар табакхо гандумхоро шуста ва месабзонанд ва рӯзи ид ба идгох меоранд. Он чо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманакпази мекунанд.

Thumb
Пухтани сумалак
Thumb
Сумалак

Ҷараёни суманакпазӣ як шабонарӯз давом мекунад ва занҳову духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу шӯхиҳо мекунанд. Зеро боваре ҳаст, ки соли навро агар бо хандаю хурсандию шодмонӣ пешвоз гирӣ, ҳамон сол пурра бо хуррамию шодӣ зиндагӣ хоҳи кард.

Ҳангоми кофтани дег таронаи «Суманак дар дег, мо кафча занем»-ро месароянд. Суруди маъруфи суманакпазӣ, ки ҳангоми пухтани ин ғизои рамзии Наврӯз бо доиранавозӣ ба тариқи умумӣ хонда мешавад, чунин аст:

«

Суманак дар ҷӯш, мо дафча занем,

Дигарон дар хоб, мо кафча занем.
Сумалак буйи баҳор аст,
Сумалак авҷу барор аст,
Мелаи шабзиндадор аст,
Иди Новрӯзӣ муборак!
Суманак дар ҷӯш, мо дафча занем,
Дигарон дар хоб, мо кафча занем.
»

[1]

Remove ads

Нигаред

Пайвандҳо

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads