Суннат
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Су́ннат (ар. سنة) — роҳу равиш, тариқа ва сират ва дар истилоҳи шаръ ба маонии мухталифе омадааст.
Маонии суннат
1. Қавл, феъл ва тақрири паёмбар (с)-ро дар умури шаръӣ суннат гӯянд ва он ба ин маъно пас аз Китоб – Қуръон аз адиллаи чаҳоргонаи шаръ ба шумор меравад. Суннат тафсири китоби Худо ва баёнкунандаи қавоиди куллӣ, иҷмол, иҷоз (ихтисор), мушкил ва дигар алфози он аст, 2. дар баробари бидъат ба амале итлоқ гардад, ки бо амалкарди соҳиби шаръ мутобиқ бошад, агар бо он мухолиф бошад, онро бидъат гӯянд, 3. равиши собитшуда аз паёмбар (с ) ва асҳоби ӯ, ба хусус аз хулафо ва чаҳор ёри кибор, дар ҳаёти диниашон ё тариқи маслука дар дин, ғайр аз вуҷуб ва фарз, яъне он чи паёмбар (с) бар он мувозабат варзида ва онро тарк накарда, магар ба нудрат ё саҳоба бар он мувозабат варзидаанд[1] ва ин ҳамон маънои истилоҳии суннат назди уламои фиқҳ аст[2], 4. он амале, ки ҳукми он бо суннат собит шудааст, гарчи аз воҷибот буда бошад, ба монанди намози витр назди имом Абӯҳанифа (рҳ).
Remove ads
Бахшҳои суннат
Суннат ба маънои аввал ба се бахш ҷудо мешавад: а) суннати қавлӣ ва он умдатарин қисмати суннати расули Худо (с)-ро ба вуҷуд овардааст, б) суннати феълӣ, в) суннати тақрирӣ.
Суннат дар истилоҳи уламои фиқҳ
Суннат дар истилоҳи уламои фиқҳ амр ва ҳукмест, ки барои анҷом додани он аз сӯи шаръ таъкид ва тавсияҳои зиёде шуда, вале далоили собитсозандаи он ба қатъияти далоили мусбити фарз набуда. Бинобар ин, тарккунандаи он мустаҳиққи азоб намегардад, вале шаръан мавриди маломат ва итоб қарор мегирад. Аммо исрор ва мудовамат бар тарки суннате аз суннатҳои шаръ ва ё суннатҳоро ба таври куллӣ тарк намудан гуноҳ ва мӯҷиби иқоб аст. Суннат ба ин маъно қисме аз мандуб ва бахше аз аҳкоми таклифии шаръ дар баробари фарз, воҷиб ва ғ. аст ва дар ин ҳол агар тарки он макрӯҳ бо кароҳати таҳримӣ бошад, суннати муаккада ва ё суннати ҳудо хонда шавад, ба монанди азону иқомат ва намози ҷамоат ва агар таркаш кароҳияте надошта бошад, суннати завоид номида шавад, ба монанди мисвок кардан.
а) Суннати муаккада он амри шаръӣ ва корест, ки расули Худо (с) онро бо мудовамат анҷом дода ва ҷуз як-ду маврид онро тарк накардааст, ба монанди ду ракъат суннати қабл аз фарзи намози бомдод. Гоҳе ба суннатҳои муаккада вақте такмилкунандаи воҷиботи динӣ ва ё ба ҳайси муқаддимае барои онҳо машруъ гардида бошанд, сунани ҳудо низ гуфта шавад, ба монанди азону иқомат, ки мукаммили намозҳои фарз ва шиори исломанд ва тарккунандаи онҳо ба гумроҳӣ мансуб ва ба маломати шаръ дучор мегардад. Ҳукми ин навъ суннат воҷиб ё наздик ба воҷиб аст ва тарки он макрӯҳи таҳримӣ ё исоат аст.
б) Суннати завоид, ки дар боби ибодатҳо ба он суннати ғайри муаккада низ гуфта мешавад, он ибодат, амал ва амри шаръиест, ки расули Худо (с) ба мисли суннатҳои муаккада бар он мувозабат, таоҳуд ва таъкид нафармуда ва барои тахфиф бар умматаш онро борҳо тарк кардааст, ба монанди намози зуҳо – чошт, чаҳор ракъат намози пеш аз фарзи аср ва дигар суннатҳои завоид. Корҳои одӣ – ғайри даъватии расули Худо (с) дар ҳаёти ҳаррӯзааш ва раванди зиндагонии он Ҳазрат (с) низ, ба монанди одоби хӯрдану нӯшидан, либос пӯшидан, хоб рафтан, таёмун (аз рост шурӯъ кардани ҳар коре), ҳаракат дар роҳ ва ғайра назди муҳаддисон ва сиранигорон бахше аз сунани завоид ба шумор мераванд ва ба он суннати одат низ гуфта мешавад. Пайравӣ аз расули Худо (с) дар ин корҳо мустаҳаб мебошад ва ниҳояти дилбастагии шахсро ба ӯ нишон медиҳад.
Remove ads
Эзоҳ
Сачашма
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads