ТВ Шаҳнавоз
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
ТМТ «Шаҳнавоз» — телевизиони мусиқии Тоҷикистон, шабакаи телевизионии давлатӣ ва миллии Тоҷикистон.
Remove ads
Таъсис
ТВ «Шаҳнавоз» 13 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз кард.
16 ноябри соли 2021 ҳамчун Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» фаъол аст. [1]
ТВ «Шаҳнавоз» ба таҷҳизоти рақамӣ муҷаҳҳаз шуда, ҳаҷми пахши барномаҳо 24 соат аст. Ин телевизиюн ба воситаи моҳвора ба шабакаи ҷаҳонӣ пайваст аст. Дар мамолики дигар ин шабака ба воситаи ширкатҳои кобелӣ, ба воситаи моҳвора, инчунин интернет дастрас аст. Ин шабака дар назди Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар пояи шабакаи телевизиюнии «ТВ Тоҷикистон», дар шабакаи алоҳида ҷойгир буд ва 16-уми ноябри соли 2021 ба Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон – «Шаҳнавоз» тағйири ном карда, дар бинои Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” расман ба фаъолият шурӯъ намуд. [2][3].
Маҷмӯъи мухотабони шабака дар ҳудуди 20 миллиюн нафар аст. Аз ин миён, наздик ба ҳашт миллиюн дар Тоҷикистонанд ва мобақӣ дар Афғонистон, Ӯзбакистон, Эрон, Русия, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ мекунанд.
Remove ads
Нигаред
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads