Терроризм

From Wikipedia, the free encyclopedia

Терроризм
Remove ads

Терроризм — сиёсат, бар асоси истифодаи мунтазами террор[1][2][3]. Новобаста аз қувваи ҳуқуқии истилоҳи «терроризм», таърифи он то кунун духӯра боқӣ мемонад[4]. Вожаи «террор» (лот. terror — ҳарос, даҳшат) дар забони форсӣ-тоҷикӣ ба унвони «ваҳшатафканӣ»[5], «даҳшатафканӣ»[6], ё «ҳаросафканӣ» ном бурда шудааст.

Thumb
Амали террористии 11 сентябри соли 2001 (МТҶ)

Истилоҳ

Истилоҳоти «террор» ва «терроризм» нахустин маротиба дар Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793–1797 аз тарафи якобинчиён ба кор бурда шудааст, вале гумон меравад, ки ин вожа шакли дигаргуншудаи  калимаи арабии «таррор» аст. Таррор дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳилагар, маккор, айёр оварда шудааст[7]. Шояд аврупоиён калимаи «террор»-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаи «таррор» гирифта бошанд[8].

Remove ads

Намудҳои терроризм

Аз рӯйи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳалӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ, кимиёвию биологӣ тақсим намудаанд.

Кишварҳо аз терроризм бештар зарардида

Кишварҳои дар солҳои 1994—2004 аз терроризм бештар зарардида[9]

More information Ҷой дар раддабандӣ, Кишвар ...

Эзоҳ

Адабиёт

Пайвандҳо

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads