Тоҷӣ Усмон
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Тоҷӣ Усмон (1906—1968) — нависанда, рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС (1967), дорандаи ордени Нишони Фахрӣ, медалҳо, Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон доранда чоизаи ба номи Абуабдуллох Рудаки́. Бобои сароянда [[Манижа Сангин ва бобокалони Ашрапов Дадочон баъди марги шоир мазори он кас дар зодгохашон дехаи Унчии нохиям овозадори Бобочон Гафуров чой медиханд. Дар бораи хаёт ва фаолияти ин марги бузург асархо ва хикояхои зиёде навишта шудааст ки аз хама калонтарини он аз тарафи набераи шоир Ашрапов Дадочон бо номи "Муборизи рохи озод" дар соли 2019 навишта дар озмуни сатхи чумхурияви чойи намоёнро ишгол кард. ]][1].
Remove ads
Зиндагинома
Дастпарвари Донишгоҳи коммунистии шаҳри Самарқанд буда, аз соли 1933 дар идораи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ба ҳайси мудири шӯъба ба хидмат пардохтааст. Аз соли 1953 дар муддати ҳашт сол котиби масъули маҷаллаи «Хорпуштак» буд.
Эҷодиёт
Муҳимтарини офаридаҳояш маҷмӯаи хикояҳои «Кашфи асрор» (1958), қиссаҳои «Духтари ниқобдор» (1969) ва «Муборакқадам» (1966, ҳамроҳи Ашӯр Муҳаммадҷонов), очерки таърихии «Лаънаткардаи халқ» (1967) ва «Шоира Маҳастӣ» (1969) мебошанд, ки гувоҳ аз табъи саршору маҳорати нотакрори муаллифашон медиҳанд. Ҳамчунин, мураттиби китобҳои «Бисту се адиба» (1957), «Дурдонаҳои назми тоҷик» (1960), «Шоираҳои боистеъдод» (1962), «Ханда ва истеҳзо»-ст (1962). «Кашфи асрор» ва «Лаънаткардаи халқ» ба забони русӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Асарҳои Тоҷӣ Усмон дар заминаи истифодаи дақиқу устодонаи маводи таъриху зиндагӣ, эҳтирому эҳтиёти воқеияти таърихӣ, забони пухтаву ширадори тоҷикӣ ба қалам омада, муаллифашонро дар қатори муваффақтарин адибони чеҳраҳои таърихинигори тоҷик ҷою мақоми арзанда бахшидаанд.[2]
Remove ads
Осор
- 23 шоира (1953)
- Баргузидаи назми тоҷик (1960)
- Шоира Маҳастӣ (1963)
- Духтари ниқобдор (1965)
- Муборакқадам (1966, якҷоя бо М.Ашӯрмамадов)
- Лаънаткардаи халқ (1967)
Эзоҳ
Сарчашма
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads