Ноҳияи Вобканд
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Ноҳияи Вобканд (ӯзбекӣ: Vobkent tumani, Вобкент тумани) — ноҳия (туман) дар вилояти Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 29 сентябри 1926 таъсис ёфтааст.
Ноҳияи Вобканд аз ҷануб бо ноҳияи Бухоро, аз ғарб бо ноҳияҳои Пешку, Ромитан, аз шимол бо ноҳияи Шофирком ва аз шарқ бо вилояти Навоӣ ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 29 км2. Аҳолиаш 119 ҳазор нафар (2014), тоҷикон, ӯзбекҳо, инчунин русҳо, озарбойҷониҳо, тоторҳо ва дигар миллатҳо зиндагонӣ мекунанд.
Remove ads
Тақсимоти маъмурӣ
Дар Ноҳияи Вобканд як шаҳр (Вобканд), 2 шаҳрак (Харгӯш, Ширин) ва 11 ҷамоати деҳот (Имом Қозихон, Кумушкент, Пирмаст, Раҳкент, Хайработча, Халач, Харгӯш, Эҳсон, Янгикент, Қипчоқ, Қунғирот) мавҷуданд. Марказаш шаҳри Вобканд.
Ёдгориҳои таърихӣ
Аз ёдгориҳои меъморӣ ва таърихӣ Манораи Вобканд (ш. Вобкент), мақбараи Чашмаи Аюб (дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Хайробод, 1208-12), Мадрасаи Абдулазизхон (асрҳои 15-16), Ҳаммоми Вобканд (асрҳои 16-17), Хонақоҳи Суфӣ Деҳқон (асрҳои 17-18) боқӣ мондаанд.
Эзоҳ
Адабиёт
Сарчашма
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads