Тухмбозӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Тухмбозӣ, тухмҷанг
Яке аз бозиҳои машҳури анъанавии бачагон, ки дар идҳои Наврӯз, Қурбон ва Фитр бо тухми пухтаи мурғ бозида мешавад. Бачаҳо тухмҳоро нўг ба нўг мезананд, тухми кадоме, ки тухми дигареро шикаст, он тухми шикастаро моли худ мекунад. Дар охир тухми яке аз бачаҳо пирўз шуда, ҳамаи тухмҳои дигаронро ба шикаст мерасонад. Шахси ғолиб тухмҳои бурдаашро боз бо дўстону рафиқонаш тақсим карда, бо ҳам мехўранд. Дар саросари кишвар фаъол аст. [1]
Remove ads
Адабиёт
- Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.
Нигаред
Манобеъ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads