Уршалим

From Wikipedia, the free encyclopedia

Уршалим
Remove ads

Байтулмуқаддас ё Уршалим (ибрӣ: ירושלים), ё Қудс (арабӣ: القُدس) — шаҳр дар Исроил ва Фаластин (Қудси Шарқӣ). Байтулмуқаддас дар байни ду баҳр, Баҳри Миёназамин ва Баҳри Мурда, ҷойгир шудааст. Аз қадимитарин шаҳрҳои ҷаҳон[4] дар доманаи ҷиболи ал-Халил ва низ пойтахти билфеъли Исроил аст, ки ба сурати қонунӣ, бахши ғарбии он мутааллиқ ба Исроил ва бахши шарқии онки дар ишғоли Исроил аст[5], ба давлати Фаластин тааллуқ дорад, аммо аз лиҳози байналмилалӣ, ин шаҳр, ба сурати густурда, ба унвони пойтахти Исроил ё Фаластин, ба расмият шинохта нашудааст. Бахш бостонии ин шаҳр, ба далели вуҷуди биноҳои таърихӣ-мазҳабии муҳим, аз назари адёни иброҳимӣ - яҳудият, масеҳият ва ислом муқаддас дониста мешавад. Ҷамъият Иерусалим дар соли 2022 беш аз 980٬000 нафар ва масоҳат он, 125٫1 километри мураббаъ аст.

Quick facts Уршалим, Кишвар ...
Thumb
Уршалим
Remove ads

Таърих

Номи ин шаҳр дар забони ибрӣ Ирушалойим ва дар забони арабӣ Қудс аст[6]. Аз дигар номҳои ин шаҳр метавон ба Ҷурусалам, Иерусалим ё Байтулмуқаддас ишора кард. Номи Иерусалим бар хилофи ончи мумкин аст, ба назар меояд, ки тавассути иброниён бар шаҳр ниҳода нашудааст, балки асли авгоритӣ дорад. Албатта забони авгоритӣ ҳам монанди забони ибрӣ аз забонҳои cамӣ аст. Ном аслии шаҳр қабл аз вуруди ибронён Аврошолимум ё Аврошолиму ба маънои бунёди Шалим буд. Шалим яке аз худоёни авгоритӣ аст. Баъдҳо иброниён ин номро тағйир надоданд, зеро Иерусалим дар забони ибрӣ ба маънои «шаҳри сулҳ» мешуд. Аз нигоҳи дастури забони ибрӣ, ин калима аз ду бахш «иур» ба маънии шаҳр ва «шалим» ба маънии сулҳ ва дӯстӣ аст[7].

Дар бисёре аз мутуни куҳани назму насри форсӣ аз ин шаҳр бо номи Байтулмуқаддас ёд шудааст ва бино ба гуфтаи Фирдавсӣ, номи ин шаҳр дар забони паҳлавӣ, Гангдиж Ҳухт будааст:

Ба хушкӣ расиданд сари кинаҷӯё,

Ба Байтулмуқаддас ниҳоданд рӯй,

Ки бар паҳлавонӣ забон ронданд,

Ҳаме «Гангдижи ҳухт»-аш хонданд.

Ба тозӣ кунун «хонаи пок» хон

Бароварда айвони Заҳҳок дон[8]

Сиёсати расмии давлати Исроил, илзом медорад, ки Урушалима, ки ҳамреша номҳои ибрӣ ва англисӣ аст, дар канори ал-Қудс ба сурати Урушалиима-ал-Қудс ба кор биравад.

Remove ads

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads