Харкив

From Wikipedia, the free encyclopedia

Харкив
Remove ads

Харкив (укр. Ха́рків) — шаҳр дар қисми шимолу шарқии Укроин, маркази муҳими саноати ва илмии Укроин аст. Маркази маъмурии вилояти Харкив. Дуюмин шаҳри Укроин аз ҷиҳати аҳолӣ бо шумораи аҳолии 1421125 нафар дар соли 2022. Харкив бо шаҳрҳои тобеияташ якҷоя зиёда аз 2 миллион аҳолӣ дорад. Харкив унвони шаҳри қаҳрамонро (рус. город-герой) соҳиб аст.

Quick Facts Харкив, Кишвар ...


Шаҳри Харкив 142 донишкадаҳои илмӣ-тадқиқоти, 45 муассисаҳои таҳсилоти олӣ, 16 осорхонаҳо, 6 театр, 80 китобхона дорад. Дар замонҳои ИҶШС Харкив маркази бузурги истеҳсоли танк-, трактор-, турбинасозӣ ва сеюмин маркази бузург аз ҷиҳати саноат, илм ва нақлиёт ба ҳисоб мерафт.

Remove ads

Иқтисодиёт

Харкив яке аз шаҳрҳои саноатии Укроин мебошад. Асоси истеҳсолоташро корхонаҳои саноати мошинсозии энергетикӣ, нақлиёт, мошинсозии хоҷагии халқ, асбобсозӣ, радиоэлектроника, саноати авиатсияи кайҳонаварди ташкил медиҳанд. Дар корхонаҳои Харкив тамоми турбинаҳои Укроин истеҳсол мешаванд, 60 % тракторҳо, 55 % подшипникҳо, қариб нисфи дастгоҳи идорашавандаи ададӣ, 44 % тахтасангҳои керамики барои ороиши дарунии биноҳо, 23 % шифер, қариб 20 % семент, кранҳои кӯпруки, содаи каустики, лулаҳои асбестосементи ва муфт истеҳсол мешаванд.

Remove ads

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads