Хумс
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Хумс (маънои «панҷяк» дар арабӣ) аз навъҳои андози исломӣ аст, ки ба хотири рафъи мушкилоти молии миллати исломӣ ва таҳкими нерӯи молии ҳукумати исломӣ ба манзури бароварда сохтани ниёзҳои миллати исломӣ таъйин шудааст.
Хумс дар Қуръон
Дар Қуръон танҳо як маротиба номи Хумс зикр шудааст. Қуръон дар сураи «Анфол» ояти 41 мефармояд: «Ва бидонед, ки агар чизе ба ғанимат гирифтаед, барои Худо, Паёмбар ва наздикону ятимону мискинон ва дарроҳмондагон аст панҷяки он ғанимат, агар ба Худо ва он чи ба бандаамон рӯзи ҷудоӣ нозил кардаем имон доред ва Худо бар ҳар коре тавоност!»
Фарқи байни Хумс ва Закот
Тафовути хумс ва закот дар табиати даромад ва харҷи онҳост. Навъи даромад тамоман дигар буда, дар масъалаи харочот онҳо ба якдигар монандӣ доранд. Бо таваҷҷуҳ ба фарогирии мавзӯъ ва ихтилофи назар миёни сунниву шиа, азизон, ба манобеъи дахлдор муроҷиат кунед.
Ба гуфтаи Вилфред Маделонг, ҳиссаи хешовандони Паёмбар (с) аз ғанимат ва файъ, тибқи ривоятҳои зиёде дар китобҳои ҳадис, ҷуброни аз дарёфти садақа ва закот берун мондани онҳо буд. [1]
Remove ads
Дар шиа
Ба эътиқоди шиаён, ҳар даромаде, ки бештар аз харҷи солона бошад (агар соли хумсӣ муайян шавад, вагарна даромади рӯзона ҳисоб карда шавад), ғаниматҳои ҷангӣ, маъдан, ганҷ, ончи аз ғаввосӣ ба даст меояд, моли ҳалоли омехта ба ҳаром ва замине ки кофире аз мусалмоне харидорӣ кунад, хумс воҷиб аст (албатта, аҳкоми он чизе, ки хумс аст, васеътар аз ин аст). Шиаён бар ин назаранд, ки бо назардошти маънои хумс дар арабии фасеҳ ва сарчашмаҳои қадим ғанимат ба маънии натиҷаи кору талош омадааст.
Эътиқоди аҳли суннат
Ба эътиқоди аҳли суннат, хумс танҳо барои ғаниматҳои ҷангӣ аст. Донишмандони суннатӣ бар ин боваранд, ки вожаи 「ғанимат」 дар Қуръон танҳо ба маънои фоидаи ҷангӣ ва гирифтани хумси фоида ҳаром аст.
Хароҷоти хумс
Ба эътиқоди бисёре аз фақеҳони шиа, хумс ба ду қисм тақсим мешавад: яке саҳми сайидҳои мискинон, ятимон ва дарроҳмонда; ва дигаре саҳми Имоми замон аст, ки ҳар ду бояд ба марҷаи тақлид ва ё намояндаи ӯ дода шаванд, магар ин ки иҷоза аз ӯ гирифта шавад ва ба тарзе, ки ӯ иҷозат диҳад, сарф шавад. [2]
Эзоҳ
Пайванди беруна
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads