Шабакаи компютерӣ

From Wikipedia, the free encyclopedia

Шабакаи компютерӣ
Remove ads

Шабакаҳо. Агар ду ва зиёда компютер бо ҳамдигар бо ягон усуле пайваст (симӣ, мавҷӣ ва ғайра) бошанд ва байни ҳамдигар алоқа барқарор карда тавонанд, он гоҳ мегўянд, ки онҳо дар шабакаи компютерӣ пайвастанд. Шабакаи компютерӣ – воситаи пуриқтидори мубодилаи информатсияи байни компютерҳо мебошад. Дар амалия вобаста аз ҳаҷми информатсияи барои ҳалли масъалаҳо зарурӣ аз шабакаҳои компютерии локалӣ, регионалӣ, глобалӣ ва ғайра истифода мебаранд.

Шабакаҳои локалӣ одатан барои ташкил намудани алоқаи байни компютерҳои як бино ё корхона хидмат менамоянд.
Шабакаи регионалӣ компютерҳои якчанд корхонаи ягон маҳалро бо ҳамдигар алоқа барқарор менамояд.
Шабакаҳои глобалӣ алоқаи компютерҳои байни шаҳрҳо ва давлатҳои гуногунро барқарор менамоянд.
Thumb
Харитаи Интернет
Thumb

Телекоммуникатсия мубодилаи информатсияро маҳз дар шабакаҳои глобалӣ таъмин менамояд.
Шумо метавонед компютери худро ба хати телефон пайваст намуда, бо компютери дигаре, ки вай ҳам ба хати телефон пайваст аст, алоқа барқарор намоед. Барои амалӣ гаштани ин мақсад зарур аст, ки системаҳои компютерӣ дорои модем бошанд. Модем информатсияи компютериро ба сигналҳои телефонӣ ва баръакс, сигналҳои телефониро ба информатсияи компютерӣ табдил медиҳад ва ба воситаи хати телефон онҳоро паҳн менамояд. Модемҳо ба модемҳои дохилӣ ва берунӣ тақсим мешаванд. Модемҳое, ки дар дохили блоки системавӣи компютер ҷойгиранд, модемҳои дохилӣ ва модемҳое, ки ба воситаи кабел бо компютер пайвастанд, модемҳои берунӣ ном доранд. Ҳамин тариқ, ҳар гуна компютере, ки дорои модем ва таъминоти программавии ба он мувофиқ мебошад, метавонад информатсияро ба компютерҳои дигар равона созад ва аз онҳо информатсияро қабул намояд.

Remove ads

Нигаред

Пайвандҳо

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads