Шаҳзода Назарзода

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Шаҳзодаи Самарқандӣ (Шаҳзода Назарова; зод. 19 ноябр 1975, Ноҳияи Самарқанд, Вилояти Самарқанд) — хабарнигор, гӯянда, шоир, достоннавис ва торнигори маъруфи тоҷик.

Quick facts Шаҳзода Назарзода, Таърихи таваллуд: ...
Remove ads

Зиндагинома

Шаҳзодаи Самарқандӣ фориғуттаҳсили факултети забон ва суханшиносии тоҷикии Донишгоҳи давлатии Самарқанд аст. Романи нави Шаҳзодаи Самарқандӣ бо номи «Регистон» чоп шуд. Ӯ гуфт, ин китоб дар бораи тобистоне қисса мекунад, ки Шӯравии собиқ фурӯ пошид ва он вақт тоҷикони Самарқанд дар чӣ ҳол буданд. Ин достони таърихӣ нест ва фазои сиёсиву иҷтимоӣ дар доираи робитаи ошиқонаи як духтари самарқандӣ бо устод ва дӯсти дигараш баён шудааст. «Як достони ошиқонаи сегона ҳаст. Дар ин асар тасвир шудааст, ки инҳо дар фазои пулисиву амниятии Шӯравӣ чигуна ба якдигар кумак мекунанд, чигуна талош мекунанд, ки мушкилоти якдигарро бартараф намоянд», — афзуд Шаҳзодаи Самарқандӣ. Ин китоб ҳоло бо хатти форсӣ нашр шуда, ба қавли Шаҳзода, нусхаи он бо кириллӣ низ ба зудӣ дастраси хонандаҳо хоҳад шуд. Аз ин пеш Шаҳзода романи «Синдроми Стокҳолм» ва «Замини модарон»-ро ба ҳуруфи кириллӣ ва форсӣ нашр карда буд.[1]. Ӯ дар риштаи филмсозӣ дар Лондон чанд давраи омӯзишро гузашта, дар филми сохтаи Меҳдии Ҷомӣ бо номи «Чархо фалак» ба унвони ровӣ ҳузур дорад.[2].

Thumb
Аз чап ба рост: Дилшоди Фарҳодзод, Ҷумъа Ҳамроҳ, Ҳазрат Сабоҳӣ, Шаҳода Назарзода
Remove ads

Эҷодиёт

  • Регистон (Румон), 290 с. H&S Media, 2017. ISBN 978-1-78083-674-4
  • Синдроми Стокҳолм (Новелла, 104 с. H&S Media, 2007—2009. — Порис, Лондон,2016 ISBN 978-1-78083-667-6
  • Замини модарон (Румон), 148 с. H&S Media (November 15, 2013). — Лондон, 2010 ISBN 978-1-78083-315-6
  • Китоби савтӣ бо садои нависанда
  • Дар сояи сафар (Маҷмӯаи шеър). — Самарқанд, 2005
  • Сабри Санг (Маҷмӯаи шеър). — Самарқанд, 1994
Remove ads

Эзоҳ

Пайвандҳо

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads