Вилям Шекспир
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Ви́лям Шекспи́р (англ. William Shakespeare[7]; 26 апрели 1564, Стратфорд-апон-Эйвон, Англия — 23 апрели 1616, ҳамонҷо) — драманавис, шоир ва нависандаи англис.
Remove ads
Эҷодиёт
Бисёриҳо Шекспирро шоиру нависандаи барҷастаи ҳамаи замон мешуморанд. Вай фоҷиаҳои барҷаста ва мазҳакаҳои хандаоваре ба тарзи баёни назм ва жанри сонет навишта рӯи саҳнаи театр гузоштааст. Нақшҳои қаҳрамонҳои пийесаҳои Вилям Шекспир дар бораи ҳиссиёти инсон ба монанди ишқ, рашк, ғазаб, шуҷоат ва ғайра офарида шудаанд, ки имрӯз ҳам ба тамошобинони театр хуш меояд. Аксарияти башарияти ботамаддуни ҷаҳон эҷодиёти Вилям Шекспирро меомӯзад. Фаъолияти эҷодии Шекспир асосан дар байни солҳои 1585 ва 1613 гузаштааст. Аввалин бор номи Шекспир дар матбуоти Лондон соли 1592 пайдо мешавад, ки ӯ дар ин давр аллакай ҳунарпешаи театр ва муаллифи намоишнома буд.
Эҷодиёти Шекспирро ба се давра тақсим мекунанд. Давраи эҷодиёти Шекспир ба замони ҳаракати ватанхоҳӣ дар Англия ва шикасти «Армадаи мағлубнашаванда»-и Испания рост меояд.
Мазҳакаҳои машҳури Шекспир
- «Ром шудани саркаш»,
- «Ду веронагӣ»,
- «Хоб дар шаби тобистон»,
- «Як пула гап — сад пула ғавғо»,
- «Ин ба шумо хуш меояд»,
- «Шаби дувоздаҳум»
фоҷианомаҳо
- «Ромео ва Ҷулйета»
- «Юлий Сезар»
- «Ҳамлет»,
- «Шоҳ Лир»,
- «Отелло»
- «Макбет» ва диг.
Remove ads
Донистаниҳо
Дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ шаҳри Душанбе пиесаҳои Вилям Шекспир — «Отелло», «Ромео ва Ҷулйетта», «Шоҳ Лир» ва «Ҳамлет» ба забони тоҷикӣ номоиш дода шудаанд.[8]
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads