Юрий Андропов
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Ю́рий Влади́мирович Андро́пов (2 (15) июн 1914[6][7], стансияи[8] Нагутская[9], кишвари Ставропол — 9 феврали 1984, Маскав) — ходими сиёсӣ ва давлатии шӯравӣ, роҳбари ИҶШС дар солҳои 1982—1984. Котиби генералии КМ ҲКИШ (1982—1984). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974). Генерали артиш (1976).
Remove ads
Зиндагинома
Аз оилаи хизматчии роҳи оҳан. Омӯзишгоҳи нақлиёти обии Рибинск (1936) ва факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Карелияро (1951) хатм кардааст.
Фаолияти корӣ
Фаолияти кориаш аз соли 1930 оғоз гардидааст. Аввал коргар ва сипас корманди ташкилоти комсомол, солҳои 1938 — 40 котиби якуми кумитаи вилоятии ВЛКСМ, 1940 — 44 котиби якуми ЛКСМ РАСС Карелия ва дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташкилотчии ҳаракати партизанӣ дар РАСС Карелия буд. Аз соли 1944 дар дастгоҳи Ҳизби коммунистӣ фаолият намудааст. Солҳои 1947 — 54 котиби 2-юми КМ ПК (б) РАСС Карелия, 1954 — 57 сафири СССР дар Маҷористон. Аз апрели 1957 мудири шуъбаи робитаҳои КМ Ҳизби коммунистии мамлакатҳои сотсиалистӣ. Солҳои 1962 — 67 котиби КМ КПСС. Аз майи 1967 то майи соли 1982 раиси Комитети бехатарии давлатии Иттифоқи Советӣ буд. Аз июни соли 1967 номзад ба узвият ва аз апрели 1973 узви Бюрои сиёсии КМ КПСС. Яке аз ташаббускорони ба Афғонистон ворид кардани аскарони Иттифоқи Советӣ (1979). Аз моҳи майи 1982 котиби КМ КПСС. Баъди фавти Л. И. Брежнев аз 12. 11. 1982 Котиби Генералии КМ КПСС ва ҳамзамон аз 16 июни 1983 раиси Президиуми Шӯрои Олии СССР. Андропов Юрий Владимирович вакили Шӯрои Олии СССР (даъватҳои 3 ва 6 — 9).
Remove ads
Ордену ҷоизаҳо
Бо 3 ордени Ленин, 4 ордени дигар ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Осор
Эзоҳ
Адабиёт
Сарчашма
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads