Юрий Лобанов

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Юрий Лобанов (Юрий Терентьевич Лобанов; 29 сентябри 1952, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС1 майи 2017, Маскав, Русия) — қаиқрони шӯравӣ, аввалин қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон (1972), қаҳрамони 8-каратаи ҷаҳон. Устоди шоистаи варзиши ИҶШС (1972). Бародари қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон Михаил Лобанов.

Quick Facts Юрий Лобанов, Иттилоъоти инфиродӣ ...
Remove ads

Зиндагинома

Юрий Лобанов 29 сентябри соли 1952 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ ҳамроҳи бародараш Михаил Лобанов, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон, дар ҳайати дастаи мунтахаби ИҶШС таҳти раҳбарии Мураббии шоистаи ИҶШС Иброҳим Ҳасанов тамрин мекард.

Юрий Лобанов, варзишгари барҷастаи Тоҷикистон дар асри ХХ эътироф шудааст. Юрий Лобанов ва Михаил Лобанов пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон дар шаҳри Маскави Русия кору зиндагӣ мекарданд[2].

Remove ads

Марг

Юрий Лобанов 1 майи соли 2017 дар Маскави Русия дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт[2].

Маснади варзишӣ

  • Қаҳрамони олимпии соли 1972 дар каноэи дукаса бо Владас Чесюнас дар масофаи 1 000 м[3]
  • Медаловари биринҷии бозиҳои олимпии соли 1980 дар каноэи дукаса бо Василий Юрченко дар масофаи 1 000 м
  • Қаҳрамони 8-каратаи ҷаҳон дар каноэи дукаса: 1973 (10 000 м), 1974 (1 000 м ва 10 000 м), 1975 (10 000 м), 1977 (1 000 м ва 10 000 м), 1979 (1 000 м ва 10 000 м)
  • Медаловари нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар каноэи дукаса: 1971 (500 м), 1973 (1 000 м)
  • Медаловари биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар каноэи дукаса: 1977 (500 м), 1978 (1 000 м)
  • Қаҳрамони бисёркаратаи ИҶШС солҳои 19721977 дар масофаҳои гуногун.

Ҷоизаҳо

  • Нишони фахрии «Барои хидматҳои шоиста дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» (2001).

Эзоҳ

Пайвандҳо

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads