Қуллаи Исмоили Сомонӣ

From Wikipedia, the free encyclopedia

Қуллаи Исмоили Сомонӣmap
Remove ads

Қуллаи Исмоили Сомонӣ (пештар: Қуллаи Сталин; Қуллаи Коммунизм) — яке аз қуллаҳои баландтарин дар Кӯҳҳои Тоҷикистон аст. Нуқтаи аз ҳама баландаш 7495 м мебошад. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ номаш қуллаи Коммунизм буд. Қуллаи Исмоили Сомонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Дар садаи XX ин қуллаи кӯҳӣ ба мавзеи сайёҳии кӯҳнавардӣ мубаддал гаштааст ва яке аз минтақаҳои сайёҳии Бадахшон мебошад.

Quick facts Қуллаи Исмоили Сомонӣ, Нуқтаи баландтарин ...
Thumb
Қуллаи Исмоили Сомонӣ, Помир. соли 2009
Thumb
Қуллаи Исмоили Сомонӣ, Помир. соли 1978
Remove ads

Таърих

Дар соли 1913 қисми марказии Памирро экспедитсияи таҳти роҳбарии муҳаққиқи маъруфи кӯҳии олмон ва кӯҳнавард Вилли Рикмер-Рикмерс. Экспедисия ба болои дареи Обихингоу ворид шуд ва иштирокчиёни он дар он ҷо қуллаи баландро диданд, ки баландии онро 6650 метр муайян карданд ба он номи Қуллаи Гармо дода шуд, мувофиқи он, ки сокинони маҳаллӣ ин кӯҳро тоҷикони Деҳаи Пашимгар меномиданд[1]. Баъдтар (соли 1928) дар маҷмӯаи клуби кӯҳӣ аксҳои иштирокчии ин экспедитсия В. Даймлер, ки дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ кушта шуд, қуллаи асосии Помирро тасвир кард, ки баландии он тахминан 7500 метр муайян карда шуда буд. Экспедитсияҳои минбаъда минтақаҳои назди сил­силакӯҳи Академияи Илмҳо дар солҳои 20 - ибтидои 30-уми садаи XX омӯхтаанд ва дар харитаҳо ба қайд гирифтанд.

Ин муамморо танҳо дар давоми экспедитсияҳои солҳои 1931 ва 1932 ҳал кардан муяссар шуд, вақте ки ду отряди кӯҳнавардон ва топографҳо (бо роҳбарии Н. П. Горбунов ва Н.В. Криленко) аз шарқ ва ғарб ба минтақаи "қуллаи Гармо" ворид шуданд[2].. Муқоисаи натиҷаҳои кори гурӯҳҳои ғарбӣ ва шарқӣ нишон дод, ки онҳо ба қуллаҳои гуногун ҳаракат карда буданд. Қуллаи 7495 м дар қаторкӯҳҳои Академияи Илмҳо, тақрибан бист километр шимолтар аз қуллаи "воқеии" Гармо ҷойгир буд. Ҳамин тавр, қуллаи бе ном бо баландии 7495 м нуқтаи баландтарини ИҶШС ба таври ниҳоӣ кушода ва дар харитаҳо гузошта шуд. Ба ӯ номи аввалини дода шуд - қуллаи Сталин (ба ифтихори ҷашни 55-солагии Сталин).)[2].

Соли оянда, дар давоми экспедитсияи Тоҷикӣ-Памирӣ дар соли 1933, вазифа гузошта шуд, ки ба қуллаи Сталин барояд. Ин вазифа дар назди як отряди махсус, ки қариб пурра аз беҳтарин кӯҳнавардони шӯравӣ иборат буд, гузошта шуд. Дар ҷараени болоравии тӯлонӣ ва хеле душвор 3 сентябр танҳо Е.М. Абалаков ба қулла расид. Дар болои он як радиостансияи автоматии обу ҳаво санҷӣ насб карда шуд.[3]. Ҳамин тавр, кушодани қуллаи Сталин баландтарин қуллаи ИҶШС ба анҷом расид.


Қуллаи балантарин то соли 1962 номи Сталинро дошт, вақте ки дар робита бо сиёсати зиддисталинӣ, ба номгузории навин, ба қуллаи Коммунизм иваз ёфт.

Баъди барҳам ёфтани Иттиҳоди Шӯравӣ роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 зарур донист, қуллаи баландтарини Помир ба номи Исмоили Сомонӣ гузошта шавад.[4]

Remove ads

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads