Ҳунарпешаи халқии ИҶШС
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
«Ҳунарпешаи халқии ИҶШС» («Артисти халқии СССР»[1]) — унвони фахрӣ, ки 6 сентябри 1936 бо Укази Комитети Иҷроияи Марказии ИҶШС № 47 таъсис ёфтааст.
Унвони «Ҳунарпешаи халқии ИҶШС» ба барҷастатарин ходимони ҳунари халқҳои ИҶШС, фаъолтарин намояндагони театр, мусиқӣ ва синамои шӯравӣ дода мешуд. Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (соли 1991) унвон аз байн рафт.
Remove ads
Ҳунарпешагони халқии ИҶШС
Аввалин ҳунармандоне, ки дар 6 сентябри 1936 унвони ифтихории «Ҳунарпешаи халқии ИҶШС»-ро дарёфт карданд иборат буданд аз:
- Байсеитова, Куляш Жасимовна;
- Станиславский, Константин Сергеевич;
- Немирович-Данченко, Владимир Иванович;
- Качалов, Василий Иванович;
- Москвин, Иван Михайлович;
- Корчагина-Александровская, Екатерина Павловна;
- Блюментал-Тамарина, Мария Михайловна;
- Нежданова, Антонина Василевна;
- Шукин, Борис Василевич;
- Литвиненко-Волгемут, Мария Ивановна;
- Саксаганский, Панас Карпович;
- Васадзе, Акакий Алексеевич;
- Хорава, Акакий Алексеевич.
Охирин ҳунармандоне, ки дар 20 ва 21 декабри 1991 унвони ифтихории «Ҳунарпешаи халқии ИҶШС»-ро дарёфт карданд, 11 нафар (Алла Пугачёва, Софя Пилявская, Олег Янковский) буданд[2].
Дар маҷмӯъ, 1006 нафар унвони ифтихории «Ҳунарпешаи халқии ИҶШС»-ро дарёфт карданд[3].
Аз Тоҷикистон
Нафарони зерин аз Тоҷикистон ба ин унвони фахрӣ мушарраф гардидаанд[4]:
- 1941: Қосимов Муҳаммадҷон (ҳунарпешаи театру синамо).
- 1951: Ашрафӣ Мухтор (дирижёр ва оҳангсоз).
- 1957: Ғуломалиев Ғуломҳайдар (оҳангсоз, навозанда), Зоҳидова Лутфӣ (раққосаи балет), Фозилова Туҳфа (ҳунарпешаи театр).
- 1959: Ёрматов Комил (коргардони синамо).
- 1965: Бурҳонов Аслӣ (ҳунарпешаи театру синамо).
- 1968: Мавлонова Ҳанифа (овозхони опера).
- 1971: Бобоқулов Аҳмад (овозхон).
- 1974: Волчков Николай (ҳунарпешаи театр), Собирова Малика (раққосаи балет).
- 1976: Валаматзода Ғаффор (устоди рақс).
- 1977: Кабирова Лутфӣ (овозхони опера).
- 1979: Муродов Ҷӯрабек (овозхон).
- 1984: Калонтарова Мазол (раққоса).
- 1986: Аминзода Зебо (раққоса).
- 1988: Гадоев Ҳошим (ҳунарпешаи театру синамо).
Remove ads
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads