Ҷо Байден
47-ум ноиби президенти Иёлоти Муттаҳида From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Ҷозеф Робинетт Байдени хурдӣ (англ. Joseph Robinette Biden, Jr.; тав. 20 ноябри соли 1942, Аустин, Пенсилвания, ИМА) — Ходими давлатӣ ва сиёсатмадори амрикоӣ. 46-умин президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз 20 январи соли 2021 то 20 январи соли 2025. Узви Ҳизби демократии ИМА.
Remove ads
Зиндагинома
20 ноябри соли 1942 дар Скрантон, Пенсилвания ба дунё омадааст. Волидон: падар Ҷозеф Робинет Байдени калонӣ (Joseph Robinette Biden Sr., 1915—2002)[8] ва модар Кэтрин Юҷиния «Ҷин» Финнеган (Catherine Eugenia «Jean» Finnegan, 1917—2010)[9]. Ӯ нахустин аз чаҳор фарзанд[10] аз хонаводаи католикӣ аст.
Фаъолияти сиёсӣ ва давлатӣ
Байден 47-умин ноиби раисҷумҳури ИМА аз 20 январи 2009 то 20 январи 2017буд. Аз 20 январи 2009 ҳамзамон ӯ бо Барак Обама ба кор шурӯъ кард. Пеш аз интихоб шудан ба ноиби раисҷумҳур, ӯ сенатори ИМА аз иёлати Делавэр (1973 то 2009) буд.
Президенти интихобшудаи ИМА аз 7 ноябри соли 2020. Ӯ дар интихоботи соли 2020[11] дар синни 77-солагӣ пирӯз шуд ва дар замони интихобаш кӯҳансолтарин президенти кишвар ба шумор меравад.
Моҳи апрели соли 2023 Байден номзадии худро ба мақоми президентӣ барои мӯҳлати дуюм пешниҳод кард. Пас аз интихоботи ибтидоии Ҳизби демократӣ дар соли 2024, ӯ номзади эҳтимолии ҳизб дар интихоботи президентии соли 2024 шуд, аммо моҳи июли соли 2024 номзадии худро бо сабаби мушкилоти синну сол ва саломатӣ бозхонд кард. Байден аввалин президенти ИМА аст, ки пас аз ҷамъ овардани шумораи кофии вакилон барои пирӯзӣ дар пешбарии дубора аз иштирок дар интихобот даст кашид. Вай Камала Харрисро ба мақоми вориси худ дастгирӣ кард, аммо вай дар интихобот аз Доналд Трамп шикаст хӯрд.
Дар интихоботи 47-умин Президенти ИМА, Доналд Трамп пирӯз шуд ва аз мақоми номзад ба президентӣ ба мақоми президенти интихобшудаи ИМА гузашт ва 312 овози интихобкунандагонро дастгирӣ кард[12], ки аз 270 овози зарурӣ барои президент интихоб шудан хеле зиёд аст.
Байден пиртарин президенти амалкунандаи ИМА мебошад, ки дар рӯзи ба охир расидани мӯҳлати ваколати Президенти ИМА, ба синни 82 расид.
Remove ads
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads