Ӯлмас Мирсаидов

From Wikipedia, the free encyclopedia

Ӯлмас Мирсаидов
Remove ads

Ӯлмас Мирсаидович Мирсаидов (зод. 10 ноябр 1945, Истаравшан, вилояти Суғд) — кимиёдони тоҷик, доктори илми химия (1985), профессор (1988), академики АМИТ (1993). Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2009), барандаи Ҷоизаи Фонди исломии рушди илм, технология ва фарҳанг (ISESCO) (2010). Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2023)[1]

Quick facts Ӯлмас Мирсаидов, Таърихи таваллуд ...
Remove ads

Зиндагинома

Институти химияву технологияи ба номи Д. И. Менделееви Москваро хатм кардааст (1967)[2]. Доктори илми химия (1985), профессор (1988). Академик (1993, ихтисос — «химия», узви вобаста, 1987). Директори Институти химияи ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ (1988—2002), директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ, директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ АИ ҶТ аз (2005 .

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химияи моддаҳои энергиядор, технологияи коркарди ашёи хоми маъданӣ, амнияти радиоэкологӣ, экологияи химиявӣ.  .

Remove ads

Таълифот

Муаллифи беш 450 мақола, 15 монография, 75 шаҳодатномаи ҳуқуқи муаллиф ва патент мебошад. Натиҷаҳои таҳқиқоти бунёдии ӯ бо хулосаҳои мусбӣ дар заводҳои гидрометаллургии Исфара (ҶШС Тоҷикистон) ва ТҶ "Навоиазот" (ҶШС Узбакистон) санҷида ва татбиқ карда шуданд ва аз ҷониби Комиссияи Академияи илмҳои ИҶШС баҳои баланд гирифтанд[3].

Унвону ҷоизаҳо

  • ордени «Дӯстӣ»,
  • медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
  • Ихтироъкори ИҶШС (1982),
  • Ихтироъкори шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997).
  • Бо медали тилои Академияи илмҳои Миллии Арманистон,
  • медали нуқраи Ассотсиатсияи байналмилалии академияҳои илмҳо «Барои ҳамкории рушди илм»
  • Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон (1980),
  • Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2009),
  • Ҷоизаи Фонди исломии рушди илм, технология ва фарҳанг (ISESCO) (2010).[4]
  • Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2023)[1]

Эзоҳ

Пайвандҳо

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads