20 май
сана From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
20 май — 140-умин рӯзи сол (141-умин дар солҳои кабиса) дар тақвими григорӣ. То поёни сол 225 рӯз боқӣ мемонад.
← Май → | ||||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шн | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |
с. 2025 |
Ҷашнҳо
Бознигаред: Гурӯҳ:Ҷашнҳои 20 май
Миллӣ
Арабистони Саудӣ, Рӯзи истиқлол (аз Британияи Кабир, 1927).
Украина, Рӯзи кормандони бонк дар Украина
Индонезия, Рӯзи бедории миллӣ
Камбоҷа, Рӯзи қурбониён
Камерун, Рӯзи қабули эъломияи давлати ягона (1972)
Тимори Шарқӣ, Рӯзи истиқлол (аз Индонезия, 2002).
Динӣ
Рӯйдодҳо
Бознигаред: Гурӯҳ:Рӯйдодҳои 20 май
- Дар пайи як ҳамла раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҶТ Сайф Раҳимов кушта шуд (2000);
- Шӯрои Олии СССР қатъномаеро қабул намуд, ки рафтани шаҳрвандони шӯравиро ба хориҷа сода кард (1991);
Зодрӯзҳо
Бознигаред: Гурӯҳ:Зодагони 20 май
- 1799 — Оноре де Балзак, намоишноманавис, нависанда, рӯзноманигори фаронсвӣ
- 1941 — Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ;
- 1942 — Сулаймон Азимӣ (1942) — шоир;
- 1933 — Баҳриддин Аҳмадов (1933)- арбоби фарҳангӣ, Команди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
- 1922 — Мурод Боғиров (1922—1984) — нависанда;
- 1957 — Зайниддини Xомӣ (1957)- шоир;
- 1936 — Саидмамад Каримов (1936—2012) — доктори илми химия, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ;
- 1929 — Абдумаҷид Қодиров (1929—1997) — доктори илми таърих, профессор;
- 1956 — Қобилҷон Қодиров (1956) — доктори илми кишоварзӣ, профессор;
- 1932 — Муъмин Қаноат (1932) — Шоири халқии Тоҷикистон, узви вобостаи АИ Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ;
- 1932 — Саъдӣ Маҳдиев (1932—2005) — доктори илми филологӣ, профессор;
- 1937 — Саъдулло Наимбоев (1937—2007)- педагог, профессор;
- 1966 — Ҳаёт Одинаев (1966) — доктори илми иқтисод, профессор;
- 1929 — Ғоибназар Паллаев (1929—2000) — арбоби давлатӣ;
- 1957 — Абдулло Ташрифзода (1957) — донишманди тиб;
- 1939 — Халил Ғоиб (1939)- шоир;
- 1937 — Қувват Холов (1937—2011)- нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон;
- 1932 — Фатҳулло Хоҷаев (1932) — мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
- 1958 — Ҳасанҷон Шомуродов (1958)- доктори илми педагогӣ, профессор;
Даргузаштҳо
Бознигаред: Гурӯҳ:Даргузаштагони 20 май
- 2000 — Сайф Раҳимзод, нависанда, раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҶТ
Тақвими мардумӣ
Савр (21 Апрел — 20 Май) — яке аз бурҷҳои дувоздаҳгона аст ва баробар бо моҳи Урдибиҳишт дар тақвими Эронӣ аст.

Нигаред низ
Дарахти гурӯҳҳо (боб): |
Пайвандҳо
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads