Алифбои овонигории байналмилалӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Алифбои овонигории байналмилалӣ (АОБ, англ. International Phonetic Alphabet, кутаҳ. IPA; фр. Alphabet phonétique international, кутаҳ. API) — як сомонаи навишторӣ ва овонигорӣ аст, ки бар пояи алифбои лотинӣ сохта шудааст. Ин сомона ба василаи Анҷумани овошиносии байналмилалӣ ба унвони як алифбои стандарт барои нишон додани садоҳои эҷодшуда дар забонҳои гуногун тарроҳӣ шудааст. Дар эҷоди ин сомона аз донишҷуён ва устодон бо забонҳои гуногун, забоншиносон, овозононон ва ҳунарпешагон, фарҳангнависон, забонфаросозон ва мутарҷимон кумак гирифта шудааст.
Навъи хат | Алифбо |
---|---|
Бунёнгузор | Alexander John Ellis[d], Henry Sweet[d] ва Daniel Jones[d] |
Таърихи сохт | августи 1888[1] |
Давраи замонӣ | 1888 — то кунун |
Самти навишт | чап ба рост |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Алифбои овонигории байналмилалӣ барои нишон додани ҳолатҳои баёнӣ, монанди ҳиҷо, оҳанги ҷумла, иттисоли вожаву ҳиҷоҳо, инчунин, ҳолатҳои нукизабонӣ, дандонсоида ва димоғӣ сухан гуфтан ва ғаайра истифода мешавад. Ҳар намоди ин алифбо ду унсур – ҳарф ва аломатҳои эъроб дорад. Барои ин алифбо соли 2005, 107 ҳарф, 52 эъроб ва 4 аломати лаҳн пазирута шуд. Ҳадафи АОБ эҷоди як аломату нишон барои ҳар овоз аст.