Амрикои Ҷанубӣ
қитъа / From Wikipedia, the free encyclopedia
Амрикои Ҷанубӣ — материк дар қисми ҷанубии Нимкураи Ғарбӣ якҷоя бо Амрикои Шимолӣ қитъаи Амрикоро ташкил медиҳад.
Парвандаҳо дар Викианбор |
---|
Амрикои Ҷанубиро аз Шимол Баҳри Кариб, аз Шарқи Уқёнуси Атлантик, аз Ғарби Уқёнуси Ором, аз Ҷануб гулӯгоҳ Магеллан иҳота карда, онро гарданаи Панама бо Амрикои Шимолӣ мепайвандад. Нуқтаҳои интиҳоии материк: дар Шимол — димоғаи Галйинас (12°25′ садаи ш.), дар Ҷануб — димоғаи Фровард (53°54′ а. ҷ.), димоғаи Горн дар ҷазира Горн (55°59′ а. ҷ.), дар Шарқ — димоғаи Кабу Бранку (34°46′ т. ғ.), дар Ғарб — димоғаи Париняс (81°20′ т. ғ.). Тӯлаш аз Шимол ба Ҷануб 7150 км, аз Шарқ ба Ғарб то 5150 км. Масоҳаташ Амрикои Ҷанубӣ якҷоя бо ҷазираҳо 17,83 млн км², бе ҷазираҳо 17,68 млн км². Ҷазираҳои калонтаринаш: Чилоэ, Галапагос, Фолкленд ва ғайра.