«Асосу-л-балоғат» (ар. أساس البلاغة) — луғати тафсирии забони арабӣ, ки онро имом Ҷоруллоҳ Абулқосим Маҳмуд ибни Умар аз-Замахшарӣ таҳия намудааст.
Жанр | фарҳанги луғат |
---|---|
Нависанда | Маҳмуд Замахшарӣ |
Забони навиштаҷот ё осор/асар | арабӣ |
Муаллиф дар «Асосу-л-балоғат» мақсад гузоштааст, ки маъноҳои ҳақиқии луғавӣ ва маҷозиро аз ҳам ҷудо кунад ва кинояҳову тасреҳоти забониро муайян созад. «Асосу-л-балоғат» дар боби худ бесобиқа аст. Он ҳамчун асоси балоғату баён ва марҷаи муҳимми дарки каломи бадеъ дар забони арабӣ маҳсуб мешавад. «Асосу-л-балоғат» дар як муҷаллад ва аз 28 китоб (боб) иборат буда, калимаву ибороти тафсиршаванда дар он ба тартиби алифбоии дақиқ оварда шудаанд.
Wikiwand in your browser!
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.