From Wikipedia, the free encyclopedia
Вебер (Ишораташ Вб, ишорати байналмилалӣ — Wb) — воҳиди сели магнитӣ дар Системаи байналмилалии воҳидҳо (СИ).
Номида ба шарафи | Вилҳелм Эдуард Вебер |
---|---|
Нишондиҳандаи ченак | Wb[1][2][3][…], Вб ва Wb |
Conversion to SI unit | 1 Вебер |
Measured physical quantity | magnetic flux[d][2][4] ва protoflux[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ба ифтихори физики олмонӣ Вилҳелм Эдуард Вебер номгузорӣ шудааст. Вебер ба сели магнитие баробар аст, ки ҳангоми то сифр кам шуданаш дар контури бо ин сел илҳоқбудаи муқовиматаш 1 Ом аз буриши кундаланги ноқил 1 Кл миқдори электр мегузарад. Ё ки Вебер сели магнитиест, ки ҳангоми контури сарбастаро гузашта, дар фосилаи 1 с то сифр мунтазам тағйир ёфтани он дар контур КЭҲ-и ба 1 В баробар ба вуҷуд меояд. 1Вб = 1Ом∙1Кл. Дар Системаи байналмилалии воҳидҳо (СИ) Вебер сели магнитиест, ки майдони магнитии якҷинсаи индуксияаш 1 тесла буда, ба воситаи 1 м² масоҳати ба самти майдон нормал ҳосил мекунад 1Вб = 1Тл·1м²=1 В∙с.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.