From Wikipedia, the free encyclopedia
Герма́ний, Ge (олмонӣ: Germanium) — унсури кимиёии гурӯҳи IV ҷадвали Менделеев, рақами тартибиаш 32, массаи ат. 72,59.
32 | Германий |
72,61 | |
3d104s24p2 |
Германийро соли 1885 олими олмонӣ К. Винклер дар таркиби минерали нуқра — аргиродит кашф намудааст.
Мавҷудияти германийро соли 1871 олими рус ДОКТОРИ ИЛМҲОИ Менделеев пешгӯӣ намуда, ба он номи шартии экасилитсий гузошта буд. Германий 7,0∙10−4 % массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Аз ҷумлаи унсурҳои камёфт ва парешони рӯи замин буда, дар таркиби минералҳои аргиродит 4Ag2S∙GeS2, германит 3Cu2S∙FeS∙2GeS2, конҳои ангиштсанг ва партовҳои маъдании филиззоти ранга мавҷуд аст. Дар табиат 5 изотопи собити германий бо ададҳои массавии 70Ge, 72Ge, 73Ge, 74Ge ва 76Ge дучор меоянд.
Филиззи сафеди хокистарранг, ҳарорати гудозишаш 958°С, ҳарорати ҷӯшишаш 2850°С, зичиаш 5,35 г/см3.
Дар шароити муқаррарӣ аз нигоҳи кимиёӣ фаъолияти суст дорад. Зери ҳарорати баланд (зиёда аз 700°С) бо аксари ғайрифилиззот, аз ҷумла бо оксиген, сулфур ва галогенҳо ба реаксия дохил мешавад. Дараҷаи оксидшавии пайвастҳояш — 4, +2 ва +4 аст. Бо кислотаҳои беоксиген (HCl) ба реаксия дохил намешавад. Дар кислотаҳои нитрат ва сулфати консентратсияаш баланди гарм ҳал шуда, оксиди GeO2, бо ишқорҳо зери таъсири пероксиди ҳидроген пайвасти маҷмӯӣ (комплексӣ) (K2[Ge(OH)6]), бо ҳидроген герман GeH4, дигерман Ge2H6 ва тригерман Ge3H8 ҳосил мекунад. Пайвастҳои ду ва чорвалентаи германий бо галогенҳо (GeF4, GeGl4, GeCl2, GeBr4, GeI4) низ маълуманд. Ҳангоми реаксияи германий бо оксиген дар ҳарорати баландтар аз 700°С оксиди чорвалентаи GeO2 ва дар ҳарорати паст аз 700°С оксиди дувалентаи GeO ҳосил мегардад. Оксиди GeO2 хокаи сафеди регмонанд буда, дар ҳарорати 1115°С гудохта мешавад. Тетрахлориди германий GeCl4 моеи беранг аст (ҳарорати гудозишаш 83°С). GeCl4 ҳидролиз шуда, оксиди GeO2 ва кислотаи HCl ҳосил мекунад. Ҳидроксидҳои германий — Ge(OH)2 ва Ge(OH)4 хосияти амфотерӣ доранд. Намакҳои Ge(OH)2 — германит (мас., германити калий K2GeO2) ва Ge(OH)4 — германат (мас., германати калий K2GeO3) ном доранд. Германий бо филиззот пайваст шуда, германид ҳосил мекунад. Тетраэтилгерманий (C2H5)4Ge аввалин пайвасти органикии германий мебошад. Тамоми пайвастҳои органикии германий безаҳранд. Германийро аз таркиби ангиштсанг ва партови маъданҳо дар шакли оксиди GeO2 ҷудо карда мегиранд. Усули маълуми ба даст овардани германий истихроҷи он аз пасоби корхонаҳои истеҳсоли кокс аст. Барои ҷудо карда гирифтани германий аз танин истифода мекунанд. Он германийро дар шакли таннид таҳшин мекунад. Дар натиҷаи таҷзияи таҳшин то 45 дарсад оксиди GeO2 ҳосил мегардад. Сипас бо мақсади ба даст овардани германийи холис GeO2 ба тавассути гидроген барқарор карда мешавад.
Германий нимноқил аст. Аввалин транзистори германий соли 1948 сохта шудааст. Диодҳо ва триодҳои германий дар радио, телевизор, ҳисобмошинҳо, компютер ва ғ. истифода мешаванд. Пардаи ниҳоят нафисе, ки аз хӯлаи германий бо ниобий сохта шудааст, дар −248°С хосияти фавқунноқилии аҷиб дорад. Германийро дар саноати тавлиди филиззот ва истеҳсоли шиша низ ба кор мебаранд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.