Дини давлатӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Дини давлатӣ (мутародиф бо дини расмӣ) — эътиқоде аст, ки мақоми расмии он тавассути як давлати хосс таъйид мешавад.
Давлати бидуни дини давлатӣ ё расмӣ, давлати дунявӣ ё секулор номида мешавад. Илова бар ин, мавориде вуҷуд дорад, ки як кишвар дорои як дини давлатӣ ё расмӣ аст, аммо ба далоиле худро дунявӣ муаррифӣ мекунад (Ингилистон, Донморк, Миср, Тунис, Банглодеш, Арманистон ва ғайра).