Куштӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Куштӣ (форсӣ: کشتی) — камарбанди сафед ва борику баланд аст, ки порсиён ва зартуштиён ҳангоми ғуруби офтоб ба камари худ мебастанд ва ба дуо хондан мепардохтанд. Куштӣ — (Гуштӣ) гирифтан ба маънии камари якдигарро гирифтан аст, баъди пирузи. Асли он дар забони паҳлавӣ, кустик ва дар забон дарӣ гуштӣ хонда мешавад.
Куштӣ — камарбанде аст ки аз ҳафтоду ду нахи пашми гӯсфанд (ба адади ҳафтоду ду фасли Ясно) тобида мешавад ва ҳар шоха аз ин риштаҳо шомили дувоздаҳ нах (ишора ба дувоздаҳ моҳи сол) ва маҷмӯан шаш риштаи (ишора ба шаш гоҳанбор) дувоздаҳтоӣ аст.