From Wikipedia, the free encyclopedia
Оркестри созҳои нафасӣ — оркестрест, ки аз созҳои нафасӣ (бештар созҳои мисин) ва созҳои зарбӣ иборат аст. Созҳои маъруфи Оркестри нафасӣ-саксгорнҳо, корнетҳо, валторнаҳо, трубаҳо, тромбонҳо ва дигар созҳои мисин мебошанд; аз созҳои зарбӣ-барабанҳои калону хурд, ҳамчунин табақчаҳои биринҷӣ маъмуланд. Оркестри нафасӣ доимо аз ҳисоби гурӯҳи созҳои нафасии чӯбин зиёд карда мешаванд (флейтаҳо, кларнетҳо, баъзан гобой, фаготҳо). Миқдори иҷрокунандагони О.-и нафасӣ начандон зиёданд (12-15 иштирокчӣ); вале Оркестри калони нафасӣ то 100 нафар мусиқачиро якҷоя мекунанд. Ин ҳайати О.-и нафасӣ мавриди навохтан дар ҳавои кушод, дорои садобарории пурқуввату равшан буда, дар иду маросимҳо ва намоишҳо беҳамтост, чунки ҳама рост истода (дар саҳна менишинанд) менавозанду роҳ мераванд. Оркестри созҳои нафасӣ аз қадим дар Форс, Юнон, Ҳинд барои ҳамроҳии ҳаргуна ҷашнвораҳо ва амалиётҳои ҳарбӣ хидмат ме-кард. Дар Аврупо а. XVII барои О.-и нафасӣ композиторон Ж. Люлли, Ф. Госсек, Г. Берлиоз, Г. Ҳендел, Л. Бетховен, Р. Вагнер, Н. Римский-Корсаков, А. Аренский ва дигарон мусиқӣ навиштаанд. Композиторони тоҷик М. Ашрафӣ, А. Ленский, Ш. Пӯлодӣ, А. Ҳамдамов, К. Тушинок, С. Ҳомидов ва А. Мародасейнов низ барои ин дастаи созӣ асар эҷод намудаанд.[1]
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.