From Wikipedia, the free encyclopedia
Си́а Кейт Изобе́л Фе́рлер (англ. Sia Kate Isobelle Furler, тав. 18 декабри 1975, Аделаида, Австралияи Ҷанубӣ, Австралия), маъруф бо номи Сиа (англ. Sia, ˈsiːəiːə) — сароянда ва муаллифи сурудҳо дар усули ҷази эҳсосӣ ва поп, ҳамчунин ҳунарпеша аз Австралия. Албоми аввалинаш соли 1997 баромад, аммо муваффақияти тиҷоратӣ бо баромади албоми Some People Have Real Problems дар соли 2008 ба даст омад. Дар соли 2010 Сиа соҳиби 6 номзадӣ дар ARIA Music Awardstgen гашт ва дар номинатсияҳои «албоми мустақилонаи беҳтарин», «беҳтарин поп-албом» ва «беҳтарин видео» ғолиб омад[4]. Соли 2014 суруди «Chandelier» соҳиби 4 номзадӣ дар ҷоизаи «Грэмми» дар номинатсияи «Сабти сол», «Суруди сол», «Беҳтарин иҷрои поп», «Беҳтарин видеои мусиқӣ».
Иттилооти асосӣ | |
---|---|
Ном ба ҳангоми таваллуд | англ. Sia Kate Isobelle Furler |
Таърихи таваллуд | 18 декабр 1975[1] (48 сол) |
Зодгоҳ | |
Солҳои фаъолият | 1993 — то ҳол |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон, таронасаро, оҳангсоз, таҳиякунандаи мусиқӣ, ҳунарпеша, коргардони филм |
Навъи садо | метсо-сопрано[d] |
Сабк | электропоп[d] ва индипоп[d][3] |
Ношир(он) | Astralwerks[d] |
Соядаст | |
siamusic.net(англ.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Сиа 18 декабри соли 1975 дар шаҳри Аделаида, Австралияи Ҷанубӣ таваллуд ва калон шуд. Падараш Фил Б. Колсон мусиқидон дар гурӯҳҳои мусиқии гуногун буд. Модараш Лоэн Ферлер сароянда, муаллифи сурудҳо ва мусиқинавоз буд. Волидонаш аъзои гурӯҳи мусиқии жанри ракабилли-коллективи The Soda Jerx буданд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.