Тирмиз
From Wikipedia, the free encyclopedia
Тирмиз (ӯзбекӣ: Termiz / Термиз аз форсӣ: ترمذ, бохтарӣ: Ταρμιδδιγο > эр. бост. tara-maiθa — ҷои гузариш) — шаҳри ҷанубтарини Ӯзбекистон, маркази маъмурӣ ва калонтарин шаҳри вилояти Сурхондарё мебошад.
Quick Facts Тирмиз, Кишвар ...
Шаҳр | |||||||||
ӯзбекӣ: Termiz/Термиз форсӣ: ترمذ | |||||||||
| |||||||||
37°13′27″ с. ш. 67°16′42″ в. д.HGЯO | |||||||||
Кишвар | Ӯзбекистон | ||||||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||||||
Таъсис | 498 то м. | ||||||||
Баландии марказ | 302 м | ||||||||
Минтақаи замонӣ | UTC+05:00 | ||||||||
Аҳолӣ | |||||||||
Аҳолӣ | 182 800 тан (2021) | ||||||||
Миллият | ӯзбекҳо, тоҷикон | ||||||||
Эътиқодот | мусулмонон | ||||||||
Номи қавмӣ | тирмизиҳо | ||||||||
Забони расмӣ | ӯзбекӣ | ||||||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||||||
Нишонаи почта | 732000 | ||||||||
termizsh.uz | |||||||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Close
Ин яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Ӯзбекистон мебошад — зиёда аз 2500 сола аст. Соли 2014 шаҳри Тирмиз бо ордени Амир Темур сарфароз карда шуд.
Дар Тирмиз ва атрофи он як қатор ёдгориҳои бостонӣ ва меъморӣ, харобаҳои қалъаву манзилҳои қадимаи зардуштия, несторианӣ ва буддоӣ, инчунин ёдгориҳои меъмории исломӣ ҳифз шудаанд.