Ҳиндустон
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҳиндустон, номи расмӣ — Ҷумҳурии Ҳиндустон, кишварест, ки дар қитъаи Осиёи Ҷанубӣ қарор дорад. Аз рӯи нишондиҳандаҳои аҳолӣ (1,42 миллиард нафар бино ба арзёбии оғози соли 2023) сернуфустарин давлати дунё ва аз лиҳози масоҳат (3 287 263 км²) бузургтарин кишвари Осиёи Ҷанубӣ (7-ум ҷой дар ҷаҳон) маҳсуб меёбад.
Шиор: ««Танҳо ҳақиқат пирӯз мешавад»
«Satyameva Jayate» (Sanskrit)» | |
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Ҳиндустон|Ҷанаганамана (Jôno Gôno Mono),
«Ҷони мардум» (муаллиф Робиндронат Такур) ]]» | |
Рӯзи истиқлолият | (аз 15 августи соли 1947) |
Забони расмӣ | Забони ҳиндӣ |
Пойтахт | Деҳлӣ |
Шаҳри калонтарин | Мумбай, Деҳлӣ, Бангалор, Ченнай, Колката |
Идораи давлат | ҷумҳурии федералии конститутсионии парлумонӣ |
Президент Сарвазир Ноиби президент | Драупади Мурму Нарендра Моди Ҷагдип Дҳанкҳар |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. | 7-ум ҷой дар ҷaҳон 3 287 263 км² 9,5 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2023) • Зичӣ | 1-ум ҷой дар ҷaҳон 1 млрд. 425 млн. нафар 434 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ (2023) • Ба сари аҳолӣ | 5-ум ҷой дар ҷaҳон ММД (номиналӣ): 3.737 трлн. доллари ИМА $ 2,601 доллари ИМА (139-ум ҷой) $ |
Пули миллӣ | Рупии Ҳиндустон |
Интернет-Домен | .in |
Коди телефон | +91 |
Соат | UTC +5:30 |
Ин мақола бояд ба таври комил бознависӣ шавад. |
Дар нусхаи забонии дигар мақолаи пурратар аст: India(англ.).
Шумо метавонед мақоларо бо иловаи тарҷума муфассалтар кунед ва ба лоиҳа кӯмак кунед. Дар ҳамин ҳол, бинобар риояи қоидаҳои нашр, шаблони {{Мақолаи тарҷумашуда}}-ро дар саҳифаи баҳс ишора кунед, ё пайвандро ба саҳифаи манбаъ (сарчашма) дар шарҳи вироиш нишон диҳед. |
Номи расмии кишвар Ҷумҳурии Ҳиндустон аз калимаи форсии қадимии ҳинду, наздик ба “синдҳу”-и санскритӣ (номи таърихии дарёи Ҳинду) асл мегирад. Юнониёни қадим ҳиндуёнро “индоӣ”, яъне “одамони Ҳинд” меномиданд.
Конститутсияи Ҳиндустон номи кишварро ба забони расмии он, забони ҳиндӣ, «Бҳарат» (भारत) муқаррар кардааст, ки аз номи санскритии подшоҳи қадимиҳиндӣ (ки таърихаш дар “Маҳабҳарата” тасвир шудааст) сарчашма мегирад. Аз аҳди Империяи Муғулҳои Бузург (Империя Великих Моголов) ҳамчунин номи “Ҳиндустон” истифода мешуд, аммо он мақоми расмӣ надорад.
Қораи (субконтиненти) Ҳинд ватани тамаддуни қадимии ҳиндӣ мебошад. Дар давоми қисмати ағлаби таърихи хеш Ҳиндустон марказ ё меҳвари масирҳои муҳими тиҷоратӣ буда, бо сарвату бойигариҳо ва фарҳанги баланди худ шуҳрат дошт. Дар Ҳиндустон чунин дину ойинҳо, ба мисли ведо, ҳиндуия, буддоия, сикхизм ва ҷайнизм пайдо шудаанд. Дар ҳазорсолаи якум ба қораи Ҳинд динҳои масеҳӣ ва ислом ворид шуданд, ки ба рушди фарҳанги гуногуншакли минтақа таъсири назаррас гузоштанд.
Дар асри XVIII – нимаи якуми асри XIX Ҳиндустон батадриҷ аз тарафи Империяи Британия мустамлика гардонида шуд. То 15 августи соли 1947 ҳамчун Ҳинди Британия – ҷузъи Британияи Кабир шинохта мешуд. Соли 1947, дар пайи муборизаи солиёни зиёд (бо пешбурди маъракаи домангири муқовимати ғайризӯроварона ва адами ҳамкориву итоат бо ташвиқи ҷунбиши муассири миллатгаро зери роҳбарии Маҳатма Ганди) Ҳинди Британия ба ду доминиони мустақил, яъне Доминиони Ҳинди аҳолиаш аксаран ҳиндӣ ва Доминиони Покистони аҳолиаш аксаран мусулмон тақсим шуд. Ин омил ба талафоти бузурги ҷонӣ ва муҳоҷирати бесобиқа оварда расонд.
Аз соли 1950 инҷониб Ҳиндустон худро ҷумҳурии федералӣ эълом дошт, ки тавассути низоми демократии парлумонӣ идора карда мешавад. Он соҳиби ҷомеаи плюралистӣ, сермиллату серзабону сердин ва бисёрэтникӣ (бисёрмазҳабӣ) мебошад. Аҳолиаш аз сатҳи 361 миллиони соли 1951 то 1,4 миллиарди соли 2022, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфт. Ҳамзамон, даромади номиналии ба ҳар сари аҳолӣ аз 64 доллари ИМА солона то 1,498 доллари ИМА боло рафта, сатҳи саводнокӣ аз 16,6% то 74% афзун гардид.
Ҳиндустон аз кишвари нисбатан камбизоат дар соли 1951 аллакай охирҳои асри XX ба комёбиҳои бузург дар тараққиёти иқтисодӣ ва ҳарбӣ ноил гардида, то ба сатҳи иқтисоди зудрушдёбанда ва маркази хидматрасониҳои технологияҳои иттилоотӣ, бо табақаи миёнаи торафт афзоишёбандаи аҳолӣ, мубаддал гардид. Новобаста аз ин, қисмати зиёди аҳолӣ дар шароити фақру бенавоӣ зиндагӣ мекунад. Мушкилу чолишҳои доғи рӯзи иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Ҳиндустон ин аҳолии сершумори аксаран камбизоату камсавод, низоми ғайриодилонаи тақсимоти табақавӣ, танишҳои байнимазҳабии ҳиндуигароёну мусулмонон, нобаробарии гендерӣ, сатҳи баланди коррупсия, сохтори ақибмондаи тандурустӣ, камғизомандии кӯдакон ва болоравии сатҳи олудашавии ҳаво, проблемаҳои таъмини беҳдошт ва тозагии муҳити атроф ба шумор мераванд.
Филмҳо, мусиқӣ, таълимотҳои рӯҳонӣ, низомҳои хадамоти тиббию коммерсияи фарматсевтии босифати Ҳиндустон оламшумул гаштаанд. Ҳиндустон давлати дорои барномаҳои муосири кайҳониву фазошиносӣ ва абарқудрати эҳтимолии молики яроқи ҳастаӣ мебошад. Он ба созмону сохторҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавии зерин шомил аст: СММ, G20 (Гурӯҳи 20), Созмони умумиҷаҳонии савдо, Иттиҳодияи минтақавии ҳамкориҳои Осиёи Ҷанубӣ, Иттиҳоди миллатҳо, инчунин БРИКС ва Созмони ҳамкории Шанхай.