Патсифизм
From Wikipedia, the free encyclopedia
Патсифизм (аз лот. pacificus - сулҳона, аз pax - сулҳ ва facio - мекунам), сулҳҷӯйӣ — идеологияи муқовимат ба зӯроварӣ барои аз байн рафтани он. Ҷунбиши патсифистӣ, ҳаракат барои сулҳ, як ҷунбиши иҷтимоии зидди ҷангист, ки ба усулҳои низомии ҳалли муноқишаҳои сиёсӣ [1], алахусус, бо маҳкум кардани бадахлоқии чунин усулҳо муқобилат мекунад.
Аксар вақт бо ҳаракати зидди милитаристӣ ва зидди ҷанг якҷоя мешаванд.
Паисифистҳо ҳар гуна ҷангро маҳкум мекунанд ва имконияти қонунӣ, озодибахш, муқаддас ва ғайра будани ҷангҳоро инкор мекунанд.