Долони Вахон
From Wikipedia, the free encyclopedia
«Долони Вахон» — борикае дар шарқи Афғонистон аст, ки аз шарқ ба Чин, дар шимол ба Тоҷикистон ва ҷануб ба Покистон маҳдуд мешавад. Кӯҳистони Помир дар шимол ва кӯҳистони Қароқурум дар ҷануби он қарор доранд. Тӯли долони Вахон ҳудуди 350 километр аст ва арзи он аз ҳадди ақал 8 то ҳадди аксар то 40 километр тағйир мекунад. Долони Вахон, яке аз сарчашмаҳои Омударё (бузургтарин рӯд дар Осиёи Марказӣ) мебошад.[1]