Афғонистон
From Wikipedia, the free encyclopedia
Афғонистон (пашту: ва дарӣ: افغانستان), Иморати Исломии Афғонистон (пашту: د افغانستان اسلامي امارات, дарӣ: امارت اسلامی افغانستان) — давлатест, ки дар қисми ҷанубу ғарбии Осиёи Ҷанубӣ (баъзан вақт қисме аз Осиёи Марказӣ ҳисобида мешавад) ҷой гирифтааст.
Шиор: нест | |
Суруди миллӣ: «Milli Tharana» | |
Рӯзи истиқлолият | (аз Британияи Кабир, |
Забони расмӣ | дарӣ, паштунӣ |
Пойтахт | Кобул |
Шаҳри калонтарин | Кобул |
Идораи давлат | |
Раиси Ҷумҳурии Исломӣ Раиси иҷроияи ҳукумат | Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай Абдуллоҳ Абдуллоҳ |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. | 41-ум ҷой дар ҷaҳон 652 864 км² % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2013) • Зичӣ | 40-ум ҷой дар ҷaҳон 31 108 077 нафар 43,5 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ (2008) • Ба сари аҳолӣ | 96-ум ҷой дар ҷaҳон 21,39 млрд $ 687 $ |
Пули миллӣ | афғонӣ (AFN, рамз 971) |
Интернет-Домен | .af |
Коди телефон | +93 |
Соат | UTC +4:30 |
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
|
Дар самти шимол бо Туркманистон (744 км), Ӯзбекистон (137 км) ва Тоҷикистон (1344 км), дар ғарб бо Эрон (945 км), дар ҷануб ва шарқ бо Покистон (430 км) ва Ҳиндустон (120 км), дар шимолу шарқ бо Чин (76 км) ҳамсарҳад мебошад.
Дарозии умумии ҳудуди сарҳад 5529 км аст (ин сарҳад тақрибан сад сол пеш бо мудохилаи Русияи подшоҳӣ ва Британияи Кабир муайян гардидааст). Аз шимол ба ҷануб 1350 км ва аз шарқ ба ғарб 900 км тӯл кашидааст. Масоҳаташ 655 ҳазор км², аҳолиаш 28,4 млн нафар (мутобиқи маълумоти дигарон — 31 млн нафар); пойтахти Афғонистон шаҳри — Кобул (аҳолӣ 4 273 156 нафар дар соли 2020[1]). Афғонистон 34 вилоят, 354 вулусволӣ (ноҳия) ва 31440 деҳа дорад. Забонҳои давлатӣ — паштуӣ ва дарӣ.
15 августи 2021 Толибон, ки соли 2001 пас аз вуруди нирӯҳои НАТО таҳти сарварии ИМА ба Афғонистон аз қудрат барканор шуданд ва баъдан дар тӯли бист сол бар зидди раҳбарияти Афғонистон ва сарбозони НАТО муборизаи мусаллаҳона бурданд, дубора назоратро пас аз ҳамлаи қатъӣ дар тӯли тамоми қаламрави кишвар барқарор карданд.