Карочӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Карочӣ (урду: کراچی, англ. Karachi, синдӣ: ڪراچي) — шаҳри бандарӣ дар ҷануби Покистон, Маркази маъмурии Иёлати Синд, яке аз бузургтарин шаҳрҳои кишвар ва ҷаҳон бо аҳолии 23 500 000 нафар сокинон.[1] ва 7-умин аз рӯи агломератсия дар ҷаҳон[2] аст.
Шаҳр | |||
урду. урду: کراچی англ. Karachi синдӣ: ڪراچي | |||
|
|||
24°51′36″ с. ш. 67°00′36″ в. д.HGЯO | |||
Кишвар | Покистон | ||
Роҳбар | Murtaza Wahab[d] | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Таъсис | асри XVIII | ||
Масоҳат |
|
||
Баландии марказ | 8 ± 1 м | ||
Навъи иқлим | континенталии тропикӣ | ||
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | 23 500 000 тан (2015) | ||
Зичӣ | 3740,89 тан/км² | ||
Агломератсия | Беш аз 30,000,000 нафар | ||
Эътиқодот | мусулмонон (%), дигар динҳо (%) | ||
Забони расмӣ | урду | ||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Пешшумораи телефон | + 021 | ||
Нишонаи почта | 74000–75900 | ||
Коди мошин | KA ва KC | ||
karachicity.gov.pk | |||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Карочӣ маркази молиявӣ, бонкӣ, саноатӣ ва тиҷоратии Покистон мебошад. Шаҳр маркази бузургтарини таҳсилоти олӣ Дар Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони исломӣ гардидааст.[3].
Карочӣ аввалин пойтахти давлати исломии Покистон (то ба шаҳри Равалпинди гузаронидани пойтахти кишвар соли 1958 ) буд. Бандарҳои Карочӣ ва Касим — яке аз бузургтарин бандарҳои кишвар дар Уқёнуси Ҳинд мебошанд.
Масоҳати шаҳр — 3 527 км² аст. Сокинони шаҳр Карочро «Шаҳри Оташҳо» (урду: روشنیوں کا شہر), «Аруси шаҳрҳо» (урду: عروس البلاد) ва «Шаҳри Қоида» (урду: شہر قائد) ном мебаранд, чунки дар инҷо Мақбараи Ҷинна ва зодгоҳи Муҳаммад Алӣ Ҷинна, асосгузори кмшвар Қоид-эи-Аъзам (англ. Qaid-e-Azam, «Пешвои муаъзам»), мебошад, ки шаҳрро пойтахти аввалини кишвар эълон карда буд.