Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон — як даргирии мусаллаҳонаи даруниқавмӣ дар Тоҷикистон байни ҷонибдорони ҳукумати марказӣ ва гурӯҳҳои мухталиф ба намояндагӣ аз Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик аст, ки ба думболи эъломи истиқлоли кишвари Тоҷикистон дар натиҷаи пошхӯрии ИҶШС (1992—1997) ба вуқӯъ пайваст. Шадидтарин бархӯрдҳо аз охири моҳи августи соли 1992 то июли соли 1993, вақте ки кишвар воқеан ба ду бахш тақсим шуд, рух дод. Аз тобистони 1993 шиддати даргириҳо коҳиш ёфт, агарчи баъзе даргириҳо то замони оштии тарафҳои даргир дар 27 июни соли 1997 идома ёфт.
Quick Facts Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, Таърих ...
Close