Арманистон
From Wikipedia, the free encyclopedia
Арманистон (арманӣ. Հայաստան [hɑjɑsˈtɑn], Ҳайастон), номи расмӣ: Ҷумҳурии Арманистон (арманӣ. Հայաստանի Հանրապետություն [hɑjɑstɑˈni hɑnɾɑpɛtuˈtʰjun]) — кишварест дар Қафқози Ҷанубӣ, дар ғарби Осиё. Дар шимол бо Гурҷистон, дар шарқ бо Озарбойҷон, дар ғарб ва ҷануби ғарб бо Туркия ва дар ҷануб бо Эрон ҳамсарҳад мебошад. Дарозии умумии сарҳадаш 1254 км; масоҳ. 29,8 ҳазор км2. Аҳолиаш 3083 ҳазор нафар (2009). Пойтахташ ш. Ереван. Шаҳрҳои бузургаш: Ереван, Ванадзор, Кировакан, Ленинакан, Вагаршапат, Раздан, Гюмрӣ, Эчмиадзин. Мувофиқи тақсимоти маъмурию ҳудудӣ Арманистон аз 10 марз (вилоят) иборат аст (якҷоя бо Ереван). 21 сент. — иди миллӣ — Рӯзи Истиқлоли Арманистон Воҳиди пулӣ — драм (аз 1993).
Quick Facts
Шиор: «Մեկ Ազգ , Մեկ Մշակույթ» | |
Суруди миллӣ: «Մեր Հայրենիք» (слушать (итт.)) | |
Рӯзи истиқлолият | (аз Итиҳоди Шӯравӣ) |
Забони расмӣ | Забони арманӣ |
Пойтахт | Ереван |
Шаҳри калонтарин | Ереван |
Идораи давлат | |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. | 141-ум ҷой дар ҷaҳон 29,800 км² 4.71 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ • Зичӣ | 136-ум ҷой дар ҷaҳон 3 009 800[1] нафар/км² |
Пули миллӣ | |
Интернет-Домен | .am |
Коди телефон | + |
Соат | UTC |
Close