From Wikipedia, the free encyclopedia
Гундсолор (форсӣ: گندسالار) — дараҷае солорӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз сарҳанг ва пойинтар аз лашкарсолор дорад ва баробар бо дарёдор дар нерӯи дарёӣ аст; генерал-майор[1].
Дараҷаи пойинтар: Сарҳанг |
Гундсолор |
Дараҷаи болотар: Лашкарсолор |
| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: گندسالار | ||||
Кишвар | Тоҷикистон | ||||
Дараҷаи болотар | Лашкарсолор | ||||
Дараҷаи пойинтар | Сарҳанг | ||||
Ҳамто |
Гундсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми созмонии фармондеҳи гундро дорад, ки ягоне тактикӣ дар шохаву зершохаҳои нерӯҳои мусаллаҳ аст, ки маъмулан хурдтар аз лашкар будаву аз ду ҳанг ё чанд гурдон ташкил ёфта ва ягонҳои хурдтаре барои бароварда сохтани ниёз ба он ҳамроҳ мешаванд; тип[2]; бригада[3][4].
«Гундсолор» яке аз истилоҳоти сипоҳи Ашкониён ва Сосониён аст ва аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (гунд) + исм (солор)] аст:
гунд (порсии миёна: gund < паҳлавӣ: gund ‘лашкар; гурӯҳ, даста’[5] < эҳтимолан аз эронии бостон: *vr̥nda- ‘сипоҳ; гунд’[6]) + солор (порсии миёна: sālār < паҳлавӣ: sarδār < порсии бостон: *sar(a)-dāra- < эронии бостон: *sara-dāra-)[6].
Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. «Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад[7][8].
Истилоҳи «гунд» дар «Шоҳнома» дар таркиби вожаи «гундовар» омада, ки Фирдавсӣ онро ба маънои «сипаҳсолор» ба кор бурдааст[6]:
Пазира шудандаш ҳама меҳтарон,
Бузургони Эрону гундоварон[9].
Ин истилоҳ аз забонҳои эронии миёна (паҳлавӣ ва порсии миёна) дар забонҳои арманӣ («gund»), гурҷӣ («gund-i») низ вом гирифта шудааст[10]. Ин истилоҳ ҳамчунин аз забони форсии дарӣ ба забони туркӣ вом гирифта шуда ва истилоҳи форсӣ-туркии «جنباشی» [ҷунбошӣ]-ро ташкил дода, ки дар сипоҳи Ғазнавиён ва Салҷуқиён фармондеҳи лашкаре аз чанд ҳазор сарбозро меномиданд[11]. Дар садаҳои миёна фармондеҳи 5 ҳазор сарбозро «панҷҳазорӣ» (форсӣ: پنجهزاری) низ мегуфтанд[8].
Истилоҳи «гунд» дар нахустин садаҳои исломӣ бо истилоҳи «лашкар» (порсии миёна: laškar) ҷойгузин шуда, ки пеш аз ислом ҳам ба кор мерафтааст. Ин истилоҳ дар забони пашту: «غونډ» [ғунд] гашта ва ҳанг дар Нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон чунин номида мешавад[12].
Гундсолор ҳамчун мақоми низомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву беварабад (порсии бостон: *baivarapati-) номида мешудаву фармондеҳи бевара (порсии бостон: *baivara-) будааст[13]. Бевара аз 10 ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) ташкил мешуд ва 10 000 сарбозро дар бар мегирифт.
Бевара дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[14], гунд (паҳлавӣ: gund) ном гирифта ва фармондеҳи он гунд-солор (паҳлавӣ: gund-sālār) хонда мешуд[15].
Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар гунд аз 5 дирафш (порсии миёна: drafš) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбозро дар бар мегирифт[16]. Фармондеҳи гунд дар сипоҳи Сосониён низ гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) номида мешуд[17].
Дар паи шикасти шоҳаншоҳии Сосониён аз мусулмонон ва густариши ислом дар Эронзамин, арабҳо бархе аз истилоҳоти низомии эрониро вом гирифтанд. Чунончи, ар. عسکر [аскар] аз порсии миёна: laškar, ар. جند [ҷунд] аз порсии миёна: gund ва ар. فیج [файҷ] аз порсии миёна: payg (пиёда) вом гирифта шудаанд[18].
Бо таваҷҷуҳ ба ин пешинаву корбурд, истилоҳоти «гунд» ва «гундсолор» барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «бригада» (аз фаронсавӣ: brigade < итолиёвӣ: brigata — даста) ва дараҷаи низомии «генерал-майор» (аз олмонӣ: Generalmajor) ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[19].
Нишона | Артиши Сурх |
Артиши Шуравӣ |
Артиши Тоҷикистон | ||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
гиребонӣ сардӯшӣ |
|||||||||||
... (1940—1943) |
... (1940—1943) |
... (1940—1943) |
... (1941) |
нишонаи остин (мундир, кител ва пираҳан, шинел) (1940—1943) |
сардӯшии Нерӯи заминӣ (1943—1955) |
… размӣ (1943—1955) |
… ҷашнӣ Нерӯи заминӣ (1955—1991) |
… Нерӯи ҳавоӣ (1955—1991) |
… Нерӯи заминӣ (1993—) |
… Нерӯи ҳавоӣ (1993—) |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.