Ҳамлаи Русия ба Укроин (2022)
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҳамлаи Русия ба Укроин (дар Русия расман Амалиёти махсуси низомӣ, русӣ: Специальная военная операция) — ҳамлаи ҳамҷонибаи Нерӯҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия ба Укроин, ки дар 24 феврали 2022 оғоз шуд. Русия дар шаби 23 то 24 феврал 2022 амалиёти низомӣ алайҳи Укроинро оғоз кард.
Ин мақола ё бахше аз он, як рӯйдоди рӯзро дар бар дорад. |
Фармондеҳ | |||
---|---|---|---|
|
|||
|
|||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ин ҳамла пас аз гирдоварии тӯлонимуддати нерӯҳои низомӣ дар марзи Укроин ва Русия, ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои худхондаи мардуми Донетск ва Луҳанск тавассути Русия дар рӯзҳои пеш аз таҳоҷум, ва ба думболи он вуруди Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба минтақаи Донбас дар шарқи Укроин дар 21 феврали 2022 оғоз шуд.
Дар ҳудуди соати 06:00 ба вақти Маскав (UTC+3), раисиҷумҳур Владимир Путин амалиёти низомиро бо ҳадафи «ғайринизомӣ кардан ва нозизудоии Укроин» эълом кард. Дақиқаҳое баъд, ҳамалоти мушакӣ ба нуқоте дар саросари кишвар, аз ҷумла дар наздики пойтахт Киев, оғоз шуд. Хадамоти марзии Укроин эълом кард, ки марзҳои ин кишвар бо Русия ва Беларус мавриди ҳамла қарор гирифтааст.[1][2] Тибқи маълумоти СММ то 4 март, аз оғози ҳамла дастикам 331 ғайринизомӣ кушта ва дастикам 675 ғайринизомӣ маҷрӯҳ шудаанд ва талафоти воқеӣ, ба гуфтаи баъзе манобеъ, метавонад хеле бештар бошад. Садҳо хонаҳо хароб ва ё осеб диданд[3]; шаҳри Волноваха қариб тамоман хароб гардид[4]. Илова бар ин, ҳамла боиси бӯҳрони муҳоҷират гардид: тибқи маълумоти СММ, то 4 март, зиёда аз 1,2 миллион гуреза Украинаро тарк кардааст[5]. Ин ҳамла бузургтарин муноқишаи низомӣ дар Аврупо пас аз анҷоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ буд[6][7][8][9]. Амалҳои Русияро аксари кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ сахт маҳкум карданд. Дар қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ES-11/1, ки аз ҷониби аксарияти мутлақи кишварҳои ҷаҳон ҷонибдорӣ карда шуд, амалҳои Русияро маҳкум ва аз он даъват кардааст, ки нерӯҳои худро аз қаламрави Украина берун кашад. 141 кишвар ба ҷонибдории ин қатънома, панҷ кишвар мухолиф (Беларус, Кореяи Шимолӣ, Русия, Сурия ва Эритрея) ва 35 кишвар бетараф (аз ҷумла Чин, Ҳиндустон, Покистон, Африқои Ҷанубӣ, Эрон ва ҳамаи кишварҳои узви СПАД, ба истиснои Русия ва Беларус) овоз доданд. Ин ҳамла ба эътирозҳои зиддиҷанг, сензураи ВАО, таҳримҳои нав алайҳи Русия оварда расонд ва боиси бӯҳрони пулию иқтисодӣ дар кишвар гардид.