From Wikipedia, the free encyclopedia
Ви́лям Ҳе́нри Ҳа́ррисон (англ. William Henry Harrison, 9 феврали соли 1773, Шаҳристони Чарлз Сити, колонияи Вирҷиния, Амрикои Бритониёӣ — 4 апрели соли 1841, Вашингтон) — фармондеҳи низомии амрико, сиёсатмадор ва нуҳум президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (аз 4 март то 4 апрели соли 1841). Ҳаррисон муддати хеле кӯтоҳ, байни ҳамаи президентҳои ИМА дар сари вазифа буд — ӯ як моҳ пас аз қабули савганд мемирад.
Ҳариссон охирин президенте буд, ки то замони Ҷанг барои истиқлол ба дунё омада ва дар тобеияти Бритониё қарор дошт. Падари Вилям, Бинҷомин Ҳаррисон буд заминдори вирҷиниёӣ буд, дар сиёсати Амрико фаъолона ширкат меварзид. Аз ҷумла, ӯ Эъломияи истиқлоли соли 1776 ба имзо расонид, ва дар солҳои 1781—1784 губернатори иёлати худ буд.
Худи Вилям Ҳенри аз соли 1791 хидмат дар артиш, вай дар марз бо ҳиндуёни маҳалии Амрико ҷангида, ва адъюнанти генерал Вэйн буд. Ӯ дар ҷанги Огайо соли 1795 иштирико намудааст.
Дар соли 1798 ба истеъфо баромада ва сиёсат машғул мешавад. Аввалин губернатори Қаламрави Индиана буд (1800—1813).
Ҳариссон ба вазифа соли 1841 дар синни 68-солагӣ омад, сулҳӯрдатарин интихобшудаҳо ба мансаби президентӣ (дар муҳлати аввал), танҳо Роналд Рейгани 69-сола дар соли 1980, ва Доналд Трампи 70-сола дар соли 2016 буданд.
Ҳаррисон аз ҳамаи президентҳои дигар камтар сарвари давлати Амрико монд: 30 рӯз 12 соат ва 30 дақиқа. Ӯ аввалин президенте буд, ки дар ҳангоми вазифа даргузашт. Қиссае вуҷуд дорад, ки марги Ҳаррисон дар мансаби президент меваи «Текумсеи лаънатӣ» буд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.