Ҳунарпешаи амрикоиву бразилӣ From Wikipedia, the free encyclopedia
Гай Фредерик Эккер португалӣ: Guy Frederick Ecker (9 феврал 1959, Сан-Паулу, Бразилия) — ҳунарпешаи амрикоиву бразилӣ. Ӯ дар синамои Амрикои Лотинӣ фаъолият мекунад.
9 феврали соли 1959 дар Сан-Паулу дар оилаи Боб ва Марион Эккерҳо таваллуд шудааст. Оила аз ИМА барои истироҳат ба Бразилия рафтанд ва дар он ҷо актёри оянда таваллуд шудааст. Пас аз таваллуд, волидон ба Иёлоти Муттаҳида баргаштанд. Ӯ фарзанди сеюм дар оила буда, инчунин бародарону хоҳарон дорад: Ҷон, Эве, Эмӣ ва Лиа. Ӯ бо се забон ҳарф мезанад: португалӣ, испанӣ ва англисӣ, ки дар натиҷа ӯ воқеан дар бисёр кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳатто дар ИМА ба навор гирифта шудааст. Ӯ 5 сол дар Донишгоҳи Техас таҳсил намуда онро хатм кардааст.
Ҳунарпеша дар рушди синамои Мексика саҳми бузург гузошта, соли 2001 дар силсилафилми телевизионии "Salome" дар нақши Хулио Монтесино нақш бозида, пас аз он дар бисёр кишварҳои ҷаҳон маъруфият пайдо кард, ки соли 2004 силсилафилми телевизионии мазкур бомуваффақият дар шабакаи телевизионии "ТВ Центр"-и Русия пахш шуд. 9 маротиба барои чор ҷоизаи гуногун пешбарӣ шудааст: ACE[1], TVyNovelas/Columbia, TVyNovelas/Mexico ва Premios People en Español. Дар натиҷа, ӯ дар се номинатсия (як пирӯзӣ аз се ҷоизаи аввал) ғолиб омад.
Аз соли 2010 то 2011 дар силсилафилми мелодрамавии амрикоии "Эволуно" нақши марказии Дониэл Вилянуэваро бозидааст, ки ҷуфти ӯро Бланко Сото иҷро намудааст. Силсилафилм дар Тоҷикистон низ тамошобинони худро пайдо намуд.
Эккер аз соли 2013-2014 дар теленовелаи колумбии Por siempre mi amor нақши Артуро де ла Риваро бозидааст. Дар маҷмӯъ, ӯ зиёда аз 20 кор дар филмҳо ва силсилафилмҳои телевизионӣ иштирок кардааст.
Гай Эккер ду маротиба издивоҷ кардааст:
Сол | Номгӯй | Нақш | Тавзеҳот |
---|---|---|---|
1994 | Café, con aroma de mujer | Sebastián Vallejo Cortez | |
1996 | Guajira | Helmut Heidenberg | |
1998 | La mentira | Demetrio Azúnsolo | |
2001 | Salomé | Julio | |
2003-2005 | Las Vegas | Detective Luis Perez | 12 қисм |
2006 | Heridas de amor | Alejandro Luque Buenaventura | |
2010 | Eva Luna | Daniel Villanueva | |
2011-2012 | Corazón apasionado | Armando Marcano | |
2012 | Rosario | Alejandro Montalbán | |
2013-2014 | Por siempre mi amor | Arturo de la Riva | |
2018-2020 | El Senor de los Cielos | Joe Navarro | |
2018 | El Recluso | John Morris[2] | |
2021-2022 | Parientes a la fuerza | George Cruz | |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.