Колумбия

From Wikipedia, the free encyclopedia

Колумбия
Remove ads

Колу́мбия (исп. Colombia [koˈlombja], шунидан [2], номи расмӣ — Ҷумҳу́рии Колу́мбия, República de Colombia [reˈpuβlika ðe koˈlombja]) — давлатест дар шимолу ғарби Амрикои Ҷанубӣ, ки инчунин қаламравҳо дар Амрикои Марказӣ дорад. Пойтахташ шаҳри Богота. Дар шарқ бо Венесуэла ва Бразилия, дар ҷануб бо Перу ва Эквадор, дар ғарб бо Панама ҳамсарҳад буда, онро аз шимол баҳри Кариб ва аз ғарб уқёнуси Ором иҳота кардааст[3].

Quick facts

Аз роҳи баҳр бо Коста-Рика‌, Никарагуа, Гондурас‌, Ямайка‌, Ҳоитӣ ва Ҷумҳурии Доминикан ҳамсарҳад аст[4]. Аз шимол Баҳри Кариб ва аз ғарб Уқёнуси Ором онро иҳота кардааст. Аз рӯи шумораи аҳолӣ кишвар дар Амрикои Ҷанубӣ баъди Бразилия дар ҷои дувум, дар ҷаҳон — дар ҷои 28-ум ва аз рӯи шумораи испанизабонҳо низ дар ҷои дувум қарор дорад.

Пойтахт ва бузургтарин шаҳр — Богота, дигар шаҳрҳои калон — Меделин, Кали, Барранкиля ва ғайра.

Дар қаламрави имрӯзаи Колумбия замоне халқҳои бумӣ зиндагӣ мекарданд, аз ҳама пешрафтатаринашон — чибча, кимбая ва Тайрона буданд. Колумбия аз рӯи шумораи халқҳо ва забонҳои истифодашаванда аз ғанитаринҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Мардуми муосири колумбиягӣ дар натиҷаи омезиши аврупоиҳо, африқоиҳо ва аҳолии бумӣ пайдо шудааст; дар соҳили Кариби Колумбия шумораи зиёди муҳоҷирони бумии Шарқи Наздик зиндагӣ мекунанд.

Дар қаламрави Колумбия ҷангалҳои тропикии Амазонка ва Лянос-Ориноко ҷойгир шудаанд. Колумбия — дувумин кишвари ҷаҳон аз рӯи Гуногунии биологӣ[5]. Дар ин ҷо 54 871 намуд сабт шудааст[6]. Аммо кишвар ба ҳаштгонаи давлатҳое дохил аст, ки ба экологияи ҷаҳон зиёни бештар мерасонанд[7].

Аввалин бор мустамликадорони испонӣ соли 1499 ба замини Колумбия қадам гузоштанд. Нимаи аввали асри XVI давраи ифтитоҳи фаъол ба ҳисоб меравад, ки дар натиҷаи он Витсе подшоҳии Гренадаи Нав бо пойтахташ дар Богота таъсис ёфт.

Соли 1819 аз мустақил шуд, аммо аллакай соли 1831 федератсияи Колумбияи Бузург пароканда гардид. Дар қаламрави имрӯзаи Колумбия ва Панама Ҷумҳурии Гренадаи Нав (1832) ташкил шуд, ки баъдтар ба Конфедератсияи Гренада (1858) ва дертар ба Иёлоти Муттаҳидаи Колумбия (1863) табдил ёфт.

Номи ниҳоии Ҷумҳурии Колумбия соли 1886 қабул гардид, ва соли 1903 Панама аз ҳайати кишвар берун шуд.

Иқтисодиёти Колумбия дар Амрикои Лотинӣ ҷои чорумро ишғол мекунад, узви CIVETS (КИВМТА) буда, инчунин ба СММ, СҶТ, СКА, Иттиҳоди Уқёнуси Ором ва дигар созмонҳои байналмилалӣ шомил аст[8].

Колумбия Давлати унитарӣ ва ҷумҳурии президентӣ мебошад. Президенти кишвар аз 7 августи соли 2022 Густаво Петро мебошад.

Remove ads

Решашиносӣ

Номи кишвар аз номи сайёҳ ва дарёнаварди маъруф Христофор Колумб гирифта шудааст, ки Амрикоро барои аврупоиён кашф кард. Ин номро инқилобии венесуэлӣ, мубориз барои истиқлоли Амрикои Ҷанубӣ Франсиско де Миранда нисбат ба тамоми Дунёи Нав истифода бурдааст, вале махсусан барои заминҳое, ки таҳти ҳокимияти Испания ва Португалия буданд. Баъдтар ин номро Симон Боливар дар «Нома аз Ямайка» (исп. Carta de Jamaica) пешниҳод кардааст. Ном ҳангоми таъсиси Ҷумҳурии федеративии Колумбия соли 1819 қабул шуд, ки қаламравҳои витсе-подшоҳии Гренадаи Нав (қаламравҳои имрӯзаи Колумбия, Панама, Венесуэла, Эквадор ва шимолу ғарби Бразилия) дохил буданд[9]. Аммо баъд аз ҷудошавии Эквадор ва Венесуэла кишвар номи Гренадаи Навро гирифт. Аз 1858 кишвар номи Конфедератсияи Гренада, ва соли 1863 номи Иёлоти Муттаҳидаи Колумбия гирифт. Аз 1886 номи имрӯза — Ҷумҳурии Колумбия устувор боқӣ монд. Ин ном аз тарафи ҳукуматҳои Эквадор ва Венесуэла баҳснок буд, зеро ба мероси умумии ин кишварҳо дахолат мекард, аммо ҳоло ин баҳсҳо муваққатан қатъ шудаанд[10].

Пайдоиши номи кишвар дар Суруди милии Колумбия низ инъикос ёфтааст:

« Сарзамини Колумб бо хуни каҳрамонон шуста шудааст.

исп. Se baña en sangre de héroes la tierra de Colón
Сарзамини Колумб дар хуни қаҳрмонон шино кардааст.

исп. Se baña en sangre de héroes la tierra de Colón
Рафаэл Нунес
»
Remove ads

Таърих

Давраи то истеъмор

Thumb
Ҳайкали қадимӣ дар Боғи бостоншиносии Сан-Агустин

Ба туфайли ҷойгиршавиаш, Колумбияи имрӯза гузаргоҳ барои муҳоҷирони ибтидоӣ аз Мезоамрико ва ҷазираҳои Кариб ба сӯи Андиҳо ва ҳавзаи Амазонка буд.

Thumb
Харобаҳои «Шаҳри гумшуда» асри VIII то м.
Thumb
Заврақчаи тиллоии Элдорадо. Фарҳанги муискаҳо

Аввалин нишонаҳои ҳузури инсон дар қаламрави имрӯзаи Колумбия ба асрҳои XVII–XV то милод рост меояд. Дар ҳудуди имрӯзаи Богота қабилаҳои палеоиндиан — шикориён ва ҷамъоварандагон зиндагӣ мекарданд, ки асосан дар водии дарёи Магдалена сукунат доштанд[11]. Маскангоҳи бостонии Пуэрто Ормига (исп. Puerto Hormiga) ба давраи архаикии амрикоӣ (8–2 ҳазорсола то милод) мансуб аст. Ҳамчунин маълумот мавҷуд аст, ки минтақаҳои Эл-Абра ва Текендама дар вилояти Кундинамарка низ маскун будаанд. Намунаи қадимтарин кошӣ дар Колумбия дар маҳаллаи Сан Хасинто (исп. San Jacinto) ёфт шудааст ва ба 5–4 ҳазорсола то милод тааллуқ дорад[12].

Аҳолии бумӣ дар ҳудуди имрӯзаи Колумбия тақрибан аз 12,5 ҳазорсола то милод зиндагӣ мекунад. Қабилаҳои кӯчманчиёни шикорчӣ ва ҷамъовар аз маҳаллаҳои Эл-Абра, Тибито ва Текендама, воқеъ дар наздикии Боготаи имрӯза, бо ҳамдигар ва бо қабилаҳои дигар дар водии дарёи Магдалена тиҷорат мекарданд[13]. Байни 5 ва 1 ҳазорсола то милод ҷомеаи кишоварзӣ ба вуҷуд омад: қабилаҳои кӯчӣ ба таъсиси маскангоҳҳои доимӣ пардохтанд, кошӣ пайдо шуд. Аз оғози давраи мо дар қаламрави имрӯзаи Колумбия қабилаҳои ҳиндуҳо (карибҳо, аравақҳо, чибчаҳо) зиндагӣ мекарданд, ки дар миёни онҳо чибчаҳо бартарӣ доштанд. Дар дохили чибчаҳо ду анъанаи фарҳангӣ мутафовит тайрона ва муиска вуҷуд доштанд.

Дар оғози ҳазораи якуми то милод гурӯҳҳои ҳиндиҳо, аз ҷумла намояндагони халқҳои муиска, кимбайя ва тайрона ба низоми сиёсӣ — касикасгос (исп. cacicazgos) гузаштанд, ки сохтори пирамидалии ҳокимиятро таҳти роҳбарии касикҳо ифода мекард. Намояндагони қавми муиска асосан дар қаламрави муосири департаменти Бояка ва доманакӯҳи баландкӯҳи Кундинамарка зиндагӣ мекарданд, ки дар он ҷо онҳо Иттиҳоди муискаҳоро ташкил карданд. Онҳо ба кишти ҷуворимакка, картошка, киноа ва пахта машғул шуда, инчунин бо тилло, замруд, кулолгарии дастӣ ва намаки сангин бо халқҳои ҳамсоя савдо мекарданд. Ҷомеаи муискаҳо барои он замонҳо хеле тараққикарда ба ҳисоб мерафт ва яке аз тамаддунҳои пешрафта дар Амрикои Ҷанубӣ (пас аз майя ва инкҳо) буд. Муискаҳо ҷавоҳиротро аз тилло ва хӯлаи тилло бо мис месохтанд; табақчаҳои тиллоӣ ҳамчун эквиваленти пулӣ истифода мешуданд. Муискаҳо Худои Офтобро ҳамчун манбаи ҳосилхезӣ мепарастиданд ва барои ӯ ҳайвонотро қурбонӣ меоварданд.

Намояндагони қавми тайрона дар шимоли Колумбия, дар кӯҳсори Серра-Невада-де-Санта-Марта зиндагӣ мекарданд, дар ҳоле ки қавми кимбайя дар қаламравҳои наздики дарёи Каука муқимӣ буданд[14]. Аксари халқҳо деҳқон буданд, аммо сохтори иҷтимоии ҷамоаҳо фарқияти зиёд дошт: масалан, қавми карибҳо дар ҳолати ҷанги доимӣ зиндагӣ мекарданд, дар ҳоле ки дигарон осоиштар зиндагӣ мекарданд[15]. Ҳамчунин ҷанубу ғарби кишварро Империяи инкҳо ишғол карда буданд[16].

Истеъмори испаниҳо

Thumb
Қуллаи Вела, яке аз аввалин ҷойҳо дар Амрикои Ҷанубӣ, ки аврупоиҳо ба он ҷо омаданд

Испании конкистадор Алонсо де Охеда, ки қаблан бо Христофор Колумб сафар карда буд, соли 1499 ба нимҷазираи Гуахира расид[17][18]. Аз аввали асри XVI истеъмори Амрикои Ҷанубӣ аз ҷониби испаниҳо оғоз ёфт, ки дар баробари он қаламрави имрӯзаи Колумбия низ дохил мешуд. Аввалин колонияҳои испаниҳо дар соҳили Кариб ба вуҷуд омаданд, ки онҳоро кошифони испанӣ таҳти роҳбарии Родриго де Бастидас соли 1500 аввалин бор омӯхтанд[19]. Соли 1502 Христофор Колумб ба ҳавзаи Кариб омад[20]. Соли 1508 Васко Нунес де Балбоа қаламрави халиҷи Урабаро омӯхт ва соли 1510 аввалин шаҳр дар қитъа — Санта-Мария-ла-Антигуа дел Даренро бунёд кард[21]. Баъди чанде дигар шаҳрҳо низ бунёд шуданд— Санта Марта соли 1525 ва Картахена соли 1533[22][23].

Соли 1536 Гонсало Хименес де Кесада бо 500 нафар экспедитсияро ба умқи қитъа роҳбарӣ намуд. Ӯ заминҳое, ки аз онҳо мегузашт, масеҳӣ карда, баъдан онҳоро подшоҳии Нав Гренада номид. Дар моҳи августи соли 1538 ӯ пойтахтро дар наздикии аҳолинишини муискоҳо бо номи Баката бунёд карда, онро Санта Фе номид. Баъдан шаҳр бо номи Санта Фе де Богота маъруф гашт[24].

Ҳамзамон, ду конкистадори дигар низ сафарҳои муҳим ба умқи Амрикои Ҷанубӣ анҷом доданд. Себастиан де Белалькасар, ки бо забти шаҳри муҳим барои Империяи ИнкҳоКито маъруф аст, ба шимоли қитъа сафар карда, шаҳрҳои Калиро соли 1536 ва Попаянро соли 1537 бунёд кард[25].

Аз соли 1536 то 1539 конкистадори олмонӣ Николаус Федерман водии дарёи Оринокоро гузашта, аз Кордилераи Шарқӣ дар ҷустуҷӯи «шаҳри тиллоӣ» Элдорадо рафт[26].

Афсонаи «шаҳри тиллоӣ» нақши калидӣ дар ҳавасмандии испаниҳо ва дигар аврупоиён барои кашфи заминҳои Гренадаи Нав дар асрҳои XVI ва XVII бозидааст[27].

Конкистадорҳо аксаран бо қабилаҳое, ки бо ҳам душман буданд, иттифоқ мебастанд. Дар оянда ҳамин ҳампаймонҳои аҳолии бумӣ нақши ҳалкунанда дар тасарруф ва нигоҳдории ҳокимияти Испания дар қаламравҳои ишғолшуда бозиданд[28].

Шумораи аҳолии бумӣ на он қадар аз ҷангҳои истило, балки бештар аз бемориҳои сирояти авруосиёӣ, ки муқовимати масуниятӣ надоштанд, мисли Обила ба шиддат коҳиш ёфт.

Баробари хатаре, ки заминҳои нав хароб монанд, тоҷгузории Испания ҳуқуқи моликиятро ба ҳамаи хоҳишмандон барои колонизатсия таъсиси хоҷагиҳои бузург ва соҳиби конҳо шудан медод[29].

Дар асри XVI, баҳрнавардӣ ва дигар илмҳои марбут ба киштиронӣ дар Испания ба авҷи тараққиёт расиданд, бахусус ба шарофати фаъолияти Каса-де-Контратасон. Ин ба Испания бартарии бузург барои густариши нуфуз дар Амрикои Ҷанубӣ ва Марказиро эҳдо кард[30].

Давраи истеъморӣ

Thumb
Харитаи Хуан де ла Коса. Қадимтарин харитаи Дунёи Нав (1500)
Thumb
Вилла-де-Лейва

Соли 1549 Нав Гренада мақоми аудиенсия гирифт. Соли 1542 қаламравҳои Гренадаи Нав ҳамроҳи дигар дороиҳои Испания дар Амрикои Ҷанубӣ ба ҳайати Вице-шоҳигарии Перу бо пойтахташ дар Лима дохил шуданд[31].

Соли 1547 Гренадаи Нав ба генерал-капитанӣ бо мақоми намояндатар табдил ёфт. Соли 1549 он мақоми аудиенсияи шоҳона гирифт, ки дар Санта-Фе-де-Богота ҷойгир буд ва дар он вақт вилоятҳои Санта-Марта, Рио де Сан Хуан, Попаян, Гуаяна ва Картахена шомил буданд. Аммо қарорҳои муҳим то ҳол дар шӯрои ҳиндуҳо дар Испания қабул мешуданд[32].

Дар асри XVI аврупоиҳо ғуломонро аз Африка меоварданд. Аммо Испания натавонист факторияҳо дар Африка таъсис диҳад, то ғуломонро мустақиман содир кунад. Аз ин рӯ, Империяи Испания низоми асенторо ҷорӣ намуд — ба тоҷирони кишварҳои дигар (асосан аз Португалия, Фаронса, Англия ва Ҳолланд) иҷозатномаи савдо бо ғуломон дар колонияҳоро медод[33][34].

Ҳамзамон одамоне низ буданд, ки ҳуқуқи инсон ва озодии халқҳои мазлумро ҳимоят мекарданд. Аз ҷумла, аҳолии бумӣ наметавонистанд ба ғуломӣ табдил дода шаванд, зеро онҳо шаҳрвандони ҳуқуқдори Тоҷи Испания ба шумор мерафтанд. Барои ҳифзи онҳо якчанд шакли моликияти замин таъсис ёфт, аз ҷумла ресгуардо (баъзан «резерватсия» меноманд). Қисми зиёди аҳолии бумии кӯҳистон дар чунин ресгуардоҳо — заминҳое, ки аз ҳукуматҳои колониявӣ гирифта буданд — маскан гирифтанд[35].

Ресгуардо моликияти дастаҷамъонаи ҷамоаи бумӣ ҳисоб мешуд (худи ҷамоа низ «ресгуардо» ном дошт), ва дар дохили он ҳар як ҳинду соҳиби қитъаи замин буд, ки аз он ҳамчун истифодабаранда ҳуқуқ дошт[35]. Дар сарварии ҷамоаи ресгуардо сардор ва шахсони мансабдори таъйинкардаи ӯ қарор доштанд[35].

Соли 1717 Витсе пошоҳии Гренадаи нав таъсис ёфт, аммо баъдан барои муддате аз байн рафт ва танҳо соли 1739 дубора барқарор карда шуд. Пойтахти он Богота буд. Ба ҳайати витсе пошоҳӣ баъзе вилоятҳои шимолу ғарбӣ дохил карда шуданд, ки қаблан ба Витсе пошоҳии Испанияи нав ё Витсе пошоҳии Перу мансуб буданд — асосан қаламравҳои Венесуэла, Эквадор ва Панама. Богота ба яке аз марказҳои асосии идории Испания дар Дунёи Нав табдил ёфт, ҳамсаф бо Лима ва Мехико, гарчанде аз рӯи баъзе нишондиҳандаҳои иқтисодӣ аз онҳо ақиб мемонд.

Баъди он ки Англия соли 1739 ба Испания ҷанг эълон кард, Картахена ба ҳадафи асосии нерӯҳои низомии Британия табдил ёфт, вале нақшаҳои онҳо баъди пирӯзии Испания дар Ҷанги барои гӯши Ҷенкинс ноком монданд. Дар рақобат бо Англия барои нуфуз дар ҳавзаи Кариб, тибқи натиҷаҳои ҷанг, испаниҳо ин минтақаҳоро то давраи Ҷанги ҳафтсола таҳти назорат нигоҳ доштанд[36][37].

Хосе Селестино Мутис — рӯҳонӣ, ботаник ва риёзидон — аз ҷониби витсе пошоҳи Антонио Кабалеро ва Гонгора ба Гренадаи нав фиристода шуд, то табиати онро таҳқиқ намояд. Соли 1783 Экспедитсияи ботаникии подшоҳӣ ба Гренадаи нав оғоз ёфт, ки дар ҷараёни он наботот ва ҳайвоноти минтақаро тасниф карданд. Соли 1803 бошад, дар Богота аввалин расадхона таъсис дода шуд[38][39].

Мубориза барои истиқлол

Мақолаи асосӣ: Эълони истиқлоли Колумбия
Thumb
Симон Боливар, мубориз барои истиқлоли колонияҳои испанӣ дар Амрикои Лотинӣ

Аз оғози давраи колонизатсия якчанд ҳаракатҳои шӯришӣ алайҳи истилогарони испанӣ ба амал омаданд, аммо бештари онҳо саркӯб ё тазъиф шуданд ва натавонистанд вазъро дар кишвар тағйир диҳанд. Ҳаракати охирини мубориза барои истиқлол тақрибан соли 1810 ба вуҷуд омад — пас аз эълони истиқлоли Сан-Доминго соли 1804, ки ба роҳбари шӯриш — Симон Боливар кумак кард, инчунин барои истиқлол Франсиско де Паула Сантандер нақши ҳалкунандаро дар мубориза бозида аст[40][41].

Ҳаракатро Антонио Нарино оғоз намуд, ки бар зидди марказгароии Испания эътироз карда, шӯришгаронро алайҳи ҳокимияти он роҳбарӣ мекард. Картахена моҳи ноябри соли 1811 эълони истиқлол кард[42].

Соли 1811 Иёлоти Муттаҳидаи Гренадаи нав эълон гардид, ки роҳбарии онро Камило Торрес Тенорио ба уҳда дошт[43][44].

Мухолифати ду ҷараёни идеологӣ миёни ватандӯстон — федерализм ва марказгароӣ — ба ноустувории вазъи сиёсӣ дар кишвар овард. Баъди анҷоми Ҷангҳои Наполеон шоҳ Фердинанд VII қарор дод, ки барои бозпас гирифтани назорати шимоли Амрикои Ҷанубӣ нерӯҳои низомӣ фиристад. Мақоми витсе подшоҳии Гренадаи нав барқарор карда шуд, ки таҳти фармони Хуан Самано қарор дошт; режими ӯ онҳое, ки дар шӯришҳои ватандӯстона ширкат доштанд, муҷоҷзоти саъхт дод[45].

Ин саркӯбгариҳо мавҷи нави шӯришҳоро ба вуҷуд оварданд, ки онро ватандӯсти венесуэлӣ Симон Боливар роҳбарӣ мекард. Бо заъфи дохилии Испания, ин ҳаракат нақши ҳалкунанда дар эълони истиқлоли ниҳоӣ соли 1819 бозид[46].

Муқовимати испанигароён соли 1822 дар Колумбия ва соли 1823 дар Венесуэла пурра аз байн бурда шуд[47].

Асри аввалини истиқлол

Қаламрави Гренадаи нав собиқ ба Ҷумҳурии Колумбия (1819—1831) табдил ёфт, ки ба он заминҳои имрӯзаи Колумбия, Панама, Эквадор, Венесуэла, қисматҳое аз Гаяна ва Бразилия ва шимоли дарёи Мараньон дохил мешуданд[48].

Конгресси Кукут соли 1821 конститутсияи ҷумҳуриро барои давлати тозатаъсис қабул кард. Симон Боливар аввалин президенти Колумбия ва Франсиско де Паула Сантандер — аввалин ноиби президент гардиданд[49].

Аммо вазъи ҷумҳурии нав бо сабаби ихтилофҳои сиёсӣ ва марзӣ ноустувор буд ва соли 1830 се кишвар аз ҳайати он хориҷ шуданд — Гренадаи нав, Эквадор ва Венесуэла.

Соли 1860 Ҷанги шаҳрвандии Колумбия (1860—1862) оғоз ёфт, ки ду сол идома ёфта, бо таъсиси Иёлоти Муттахидаи Колумбия соли 1863 анҷом ёфт. Ин давлат то соли 1886 вуҷуд дошт, ки дар он ҷумҳурӣ ба таври ниҳоӣ бо номи Ҷумҳурии Колумбия ташаккул ёфт.

Дар кишвар ихтилофҳои дохилӣ байни ҳизбҳо идома доштанд, ки аксар вақт ба ҷангҳои хунин меоварданд. Аз ҳама бузургтарини онҳо Ҷанги ҳазоррӯза (1899—1902) буд, ки дар натиҷаи он Панама аз Колумбия ҷудо шуд.

Колумбия аввалин давлати дорои ҳукумати конститутсионӣ дар Амрикои Ҷанубӣ буд. Ҳизби либералӣ ва Ҳизби муҳофизакор, ки мутаносибан солҳои 1848 ва 1849 таъсис ёфтанд, куҳантарин ҳизбҳои сиёсии боқимонда дар қораи Амрико ба шумор мераванд[50].

Соли 1851 дар кишвар ғуломдорӣ пурра бекор карда шуд[51].

Замони муосир

Thumb
Имзои созишномаи сулҳ дар киштии ҷангии «Висконсин», соли 1902

Дар оғози асри XX Колумбия дар ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ ворид шуд. Дар натиҷаи ин ҷанг, инчунин муфлисшавии кишвар ва манфиатҳои иқтисодии ИМА, Панама аз ҳайати ҷумҳурӣ соли 1903 хориҷ гардид[52][53].

Пас аз анҷоми ҷанг Рафаэл Рейес (1904—1909) президенти кишвар интихоб шуд. Ӯ Конгрессро пароканда карда, ба ҷои он Маҷлиси муассисонро таъсис дод, ки ба он ваколатҳои диктаторона дода шуданд[54].

Дар давраи ҳукмронии Рейес дар кишвар тартибот барқарор гардид, иқтисод устувор шуд, раванди саноатигардонӣ ва муосирсозии давлат оғоз ёфт[55][56].

Соли 1921, ҳафт сол пас аз анҷоми сохтмони канал, ИМА ба Колумбия 25 миллион доллари ИМА ҳамчун ҷубронпулӣ пардохт кард ва дахолати Теодор Рузвелтро дар ҷудо шудани Панама эътироф кард. Дар посух, Колумбия истиқлоли Панамаро расман пазируфт[57].

Соли 1930 ҳукмронии ҳизби муҳофизакор ба поён расид; барои аввалин бор аз соли 1886 либералҳо пирӯз шуданд. Бо сари қудрат омадани Энрике Олайя Эррера (1930—1934) даврае оғоз ёфт, ки таърихшиносон онро «Ҷумҳурии либералӣ» меноманд, зеро либералҳо аз соли 1930 то 1946 пайваста кишварро идора мекарданд.

Дере нагузашта ин давраи субот ба низои хунин кашида шуд, ки аз охири солҳои 1940 оғоз шуда, то соли 1958 идома ёфт ва бо номи Ла Виоленсия маъруф аст. Сабаби асосӣ ихтилофоти байни ду ҳизби сиёсӣ буд ва ангезандаи он — қатли номзади президентӣ аз ҳизби либерал Хорхе Элесер Гайтан рӯзи 9 апрели соли 1948 гардид. Пас аз қатл ошӯбҳои оммавӣ сар заданд, ки бо номи Боготасо маъруфанд; онҳо тамоми кишварро фаро гирифтанд ва ҷони тақрибан 300 ҳазор колумбиягиро гирифтанд[58].

Соли 1950, баъди интихоб шудани Лауреано Гомес президент, Колумбия ба Ҷанги Корея пайваст ва ягона кишвари Амрикои Лотинӣ шуд, ки дар он ҷанг ҳамчун иттифоқчии ИМА ширкат дошт. Ҷангҷӯёни колумбиявӣ махсусан дар Ҷанги Олд Балди муқовимати шадид нишон доданд.

Аз соли 1964 то соли 2016 дар Колумбия ҷанги шаҳрвандӣ байни ҳукумат ва шуришгарони коммунист (бо дастгирии Иттиҳоди Шӯравӣ) идома дошт. Қувваҳои асосие, ки бар зидди ростгароён ҷангиданд, Қувваҳои мусаллаҳи инқилобии Колумбия — Артиши халқӣ (ФАРК) ва Артиши озодии миллӣ (АНО) буданд[59].

Дар ҷанг инчунин гурӯҳҳои ултраростгарои мусаллаҳ («парамилитарес») ширкат доштанд. Аз ҳама бузургтарини онҳо Қувваҳои муттаҳидаи худмудофиаи Колумбия (AUC) буданд, ки бо дастгирии давлат ва заминдорони бузурги чорводор («ганадерос») моҳи апрели соли 1997 таъсис ёфтанд, то бо партизанҳои марксист мубориза баранд. Баъзан онҳо якҷо бо қувваҳои мусаллаҳи расмии Колумбия меҷангиданд. Дар аввали соли 2006 ин гурӯҳҳо ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф гардида, фаъолияти худро қатъ карданд.

Соли 2016 байни ФАРК ва ҳукумат созишномаи оташбас имзо шуд[60].

1 сентябри соли 2017 тақрибан 1200 вакили анҷумани ФАРК дар Богота барои табдил додани ин ҳаракат ба ҳизби сиёсӣ раъй доданд. Дар охири моҳи августи соли 2019 яке аз роҳбарони ФАРК Иван Маркес дар ҳалқаи чандин нафар дар либоси низомӣ видеои изҳоротӣ нашр кард, ки дар он аз азсаргирии муборизаи мусаллаҳона алайҳи ҳукумат хабар дод. Аксари собиқ ҳамсафонаш Маркесро дастгирӣ накарданд, аммо аъзоёни радикалӣ изҳор доштанд, ки омодаанд бо Артиши озодии миллӣ муттаҳид шаванд.

Соли 2022 президенти кишвар номзади коалитсияи чапгарои миёна «Созишномаи таърихӣ»Густаво Франсиско Петро Уррего интихоб гардид, ки 50,44 фоиз овоз гирифт.

3 июни соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ Колумбияро узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ барои давраи дусолаи аз 1 январи соли 2026 оғозшаванда интихоб намуд[61].

Remove ads

Сиёсат ва ҳукумат

Сарвари давлат ва ҳукумат дар кишвар Президент аст, ки аз ҷониби мардум ба муддати чаҳор сол интихоб мешавад ва ҳуқуқи интихоб шудан барои давраи дуюмро надорад.

19 июни соли 2022 даври дуюми интихоботи президентии навбатӣ баргузор гардид, ки дар он номзади коалитсияи чапгарои миёна «Созишномаи таърихӣ» ва сенатор Густаво Франсиско Петро Уррего бо гирифтани 50,42 фоизи овозҳо пирӯз шуд. Рақиби асосии ӯ — номзади мустақил Родолфо Эрнандес Суарес — 47,35 фоиз овоз гирифт. 7 августи соли 2022 Густаво Франсиско Петро Уррего ба вазифаи Президенти Колумбия ворид гардид[62].

Ҳукумат аз ҷониби коалитсияи ҳизбҳои асосӣ ташкил шудааст — «Созишномаи таърихии Колумбия метавонад», Ҳизби сабзҳо, Ҳизби либерал, Ҳизби коммунист, Ҳизби ваҳдати миллӣ, Ҳизби муҳофизакор ва ҳизби «Тағйироти радикалӣ», инчунин ҳафт ҳизби хурдтаре, ки номзадии Густаво Петроро пуштибонӣ карданд.

Парламенти он аз ду палата иборат аст: Конгресси Колумбия аз Сенат (102 курсӣ) ва Палатаи намояндагон (166 курсӣ) иборат мебошад. Ҳар ду шӯро аз ҷониби мардум ба муҳлати чаҳор сол интихоб мешаванд.

Ҳизбҳои сиёсӣ

Ҳизбҳои асосӣ (бар асоси натиҷаҳои интихоботи моҳи марти соли 2010):

  • Ҳизби иҷтимоии ваҳдати миллӣ — миёнгаро, 27 сенатор ва 48 намоянда.
  • Ҳизби муҳофизакор — ростгарои миёна, 23 сенатор ва 38 намоянда.
  • Ҳизби либерал — чапгарои миёна, 18 сенатор ва 39 намоянда.
  • Ҳизби ҳамгироии миллӣ — миёнгаро, 8 сенатор ва 12 намоянда.
  • Тағйироти радикалӣ — миёнгаро, 8 сенатор ва 14 намоянда.
  • Қутби демократии алтернативӣ — чапгаро, 8 сенатор ва 4 намоянда.
  • Ҳизби сабзҳо — чапгарои миёна, 5 сенатор ва 3 намоянда.
  • Ҳаракати мустақили навсозии куллӣ — 1 сенатор ва 2 намоянда.

Илова бар ин, дар Палатаи намояндагон боз 4 ҳизби дигар бо 1—2 намоянда ҳузур доранд.

Бахшбандии кишварӣ

Thumb
Тақсимоти маъмурии Колумбия

Тақсимоти маъмурии Колумбия мувофиқи Конститутсияи соли 1991[63] ва тағйироту иловаҳои баъдии он, инчунин қонуни №136 аз 2 июни соли 1994 муайян шудааст[64].

Се сатҳи асосии тақсимоти маъмурӣ мавҷуд аст. Дар сатҳи аввал — департаментҳо ва Округи пойтахти Богота қарор доранд, сатҳи дуюмро Мунитсипалитетҳо ташкил медиҳанд.

Дар баъзе департаментҳо як сатҳи иловагии маъмурӣ вуҷуд дорад, ки вобаста ба минтақа бо номҳои гуногун шинохта мешавад — музофотҳо ё зерминтақаҳо.

Департаментҳо

More information №, Департамент ...
Remove ads

Ҷуғрофия

Колумбия яке аз се давлати Амрикои Ҷанубӣ аст, ки ҳам ба Уқёнуси Ором ва ҳам ба Уқёнуси Атлантик роҳ дорад (дигар давлатҳо — Панама ва Чилимебошанд).

Колумбия дар ғарб аз ҷониби Уқёнуси Ором, дар шимолу ғарб бошад аз ҷониби Баҳри Кариб иҳота шудааст. Дар ғарби кишвар аз шимол то ҷануб Кордилераҳои Анд тӯл мекашанд, ки онҳоро рӯдхонаҳои Магдалена, Каука ва дигар рӯдҳои хурд ҷудо мекунанд. Дар шарқи кишвар баландкӯҳҳо ҷойгиранд, ки онҳоро шохаҳои Амазонка бурида мегузаранд. Дар соҳилҳо пастиҳои васеъ паҳн шудаанд.

Минтақаҳои табиӣ

Дар шимоли Колумбия Пастии назди Кариб ҷойгир аст, ки иқлими субэкватории хушк дорад. Дар ин минтақа бандарҳои асосии кишвар ва минтақаҳои истироҳатӣ, ки сайёҳони хориҷиро ҷалб мекунанд, ҷойгиранд. Дар ҳамин ҷо кӯҳҳои ҷудогонаи Серра-Невада-де-Санта-Марта бо қуллаи барфпӯши Кристобал-Колон (5775 м) воқеанд, ки баландтарин нуқтаи Колумбия ба шумор меравад.

Соҳили ғарбиро пастии танги Уқёнуси Ором ишғол кардааст, ки дар он боришоти зиёд тамоми сол идома меёбад ва мавҷҳо хеле баланданд. Аз ин сабаб, соҳилҳои ин минтақа барои сайёҳон чандон маъруф нестанд. Дар ин минтақа мангрҳои зич рушд ёфтаанд.

Дар ҷануби кишвар Андҳо ба се занҷираи параллел ҷудо мешаванд — Кордилераи ғарбӣ, Кордилераи марказӣ ва Кордилераи шарқӣ, ки ба самти шимол бештар аз се ҳазор километр тӯл мекашанд. Дар байни онҳо водиҳои ҳосилхез ҷойгиранд, ки қисми зиёди аҳолии Колумбия дар он зиндагӣ мекунад. Аммо мавҷудияти вулқонҳои фаъолу хомӯш ва сейсмикии баланд ба аҳолӣ ва хоҷагии кишвар зарар мерасонад.

Қисми колумбиягии Лянос — минтақаи ҳамвори Оринокия дар ҷануб — барои зиндагӣ мусоид аст, вале таърихан камаҳолӣ мондааст. Иқлими субэкватории гарму намнок бо тобистони сербориш ва зимистони хушк сабаби паҳншавии саваннаҳои алафӣ ва ҷангалҳои галерӣ дар канори рӯдҳо мегардад.

Ҷанубу шарқи кишварро ҷангалҳои амазонӣ фаро гирифтаанд, ки дар минтақаи экватории ҳамеша намнок ҷой доранд. Селва бо растаниҳои серқабата (то 70 м баландӣ) ва гуногунии зиёди ҳайвонот машҳур аст. Бо вуҷуди ин, танҳо 1 фоизи аҳолии кишвар дар ин минтақа зиндагӣ мекунад.

Иқлим

Дар ҳудуди Колумбия асосан ду навъи иқлим ҳукмрон аст — иқлими экваторӣ ва иқлими субэкваторӣ. Ҳарорати миёнаи моҳона дар пастиҳо тақрибан +35 °C буда, дар кӯҳҳо (2000–3000 м) аз +13 то +16 °C мебошад. Миқдори боришот аз 150 мм дар шимолу шарқ то 10 000 мм дар баъзе минтақаҳо мерасад.

Наботот

Тақрибан 10 фоизи эндемикҳои растании ҷаҳон дар Колумбия мерӯянд[65].

Дар соҳили Баҳри Кариб ҷангалҳои мангрӣ ҳукмронанд, дар пастиҳои шимолӣ ва соҳилҳои Уқёнуси Ором — ҷангалҳои ҳамешасабз, дар шимолу шарқ бошад саваннаҳо (бо номи «льянос»). Дар Андҳо растаниҳо вобаста ба баландӣ тағйир меёбанд: доманакӯҳҳои ҷангалпӯш ба буттазор ва алафзорҳои баландкӯҳӣ мегузаранд. Орхидея Cattleya trianae (катлеяи Триана) гули миллӣ ва палмаи воскавии Киндио Ceroxylon quindiuense — дарахти миллии Колумбия ба шумор мераванд.

Ҳайвонот

Фаунаи кишвар низ бисёр ғанӣ ва гуногун аст — шапалакҳо, пиранҳаҳо, маймунҳо, хирсҳо, юзҳо, кондорҳо, морҳо ва колибрӣ дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд.

Remove ads

Иқтисодёт

Аз 1 январи соли 2020 ҳадди ақали музди меҳнат дар Колумбия 877 802 песо (267,76 $)-ро ташкил медиҳад, ба иловаи субсидияи ҳатмии роҳкиро ба андозаи 102 854 песо (31,71 $). Яъне ҳамагӣ тақрибан 980 656 песо (299,14 $) дар як моҳ[66].

Афзалиятҳо: қариб худкифо будан дар таъминоти энержӣ ба шарофати захираҳои нафт ва ангишт, ҳамчунин неругоҳҳои барқи обӣ. Иқтисоди солими диверсификатсияшудаи содиротгаро, пеш аз ҳама қаҳва ва ангишт.

Нуқсонҳо: муомилоти маводи мухаддир, фасодкорӣ ва ноустувории сиёсӣ сармоягузоронро метарсонанд. Саноат рақобатпазир нест. Бекорӣ баланд аст (соли 2008 — 11,3 %). Ноустувории нархҳои ҷаҳонии қаҳва. Мушкилоти сиёсати хориҷӣ бинобар содироти кокаин.

ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 2009 — 5,1 ҳазор доллар (мавқеи 110-ум дар ҷаҳон). Зери хатти камбизоатӣ — 47% аҳолӣ (соли 2008). Бекорӣ — 12 % (соли 2009).

Бар асоси маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, ММД ба ҳар сари аҳолии Колумбия дар соли 2012 — 7,751 ҳазор доллар (мавқеи 75-ум дар ҷаҳон). Ҳамзамон ҳаҷми умумии ММД 502,8 млрд доллари ИМА буд, ки ба Колумбия мақоми 25-умро дар ҷаҳон дод.

Тиҷорати хориҷӣ

Содирот (44,24 млрд доллар, дар соли 2017): маҳсулоти нафтӣ, қаҳва, ангишт, никел, замрудҳо, либос, бананҳо, маҳсулоти гулпарварӣ.

Харидорони асосӣ — ИМА (28,5 %), Панама (8,6 %), Чин (5,1 %)[67].

Воридот (47,13 млрд доллар, дар соли 2017): таҷҳизоти саноатӣ, васоити нақлиёт, молҳои истеъмолӣ, кимиёвот, сӯзишворӣ.

Таъминкунандагони асосӣ — ИМА (26,3 %), Чин (19,3 %), Мексика (7,5 %), Бразилия (5 %), Олмон (4,1 %).

Кишоварзӣ

18 % шуғлмандон дар кишоварзӣ фаъолият доранд. 5 % заминҳо зери кишт, 38 % — зери чаронидани чорво. Хокҳои ҳосилхез бештар дар плато ва баъзе пастиҳо ҷойгиранд. Колумбия — дувумин истеҳсолкунандаи қаҳва дар ҷаҳон. Барои минтақаҳои кӯҳӣ зироатҳои бозорӣ пахта ва тамоку мебошанд. Дар пастиҳо банану камиши қанд ва ҳамчунин гиёҳҳои гулпарварии ороишӣ барои содирот парвариш мешаванд. Барои бозори дохилӣ биринҷ, ҷаворимакка, картошка ва сорго месабзонанд. Дар чорводорӣ парвариши чорвои калони шохдор, хукдорӣ ва гӯсфандпарварӣ бартарӣ дорад. Дар департаментҳои ҷанубӣ парвариши кока ба таври васеъ паҳн шудааст, ки аз ҷониби картелҳои колумбиягӣ назорат мегардад[68].

Саноати истихроҷ

Колумбия захираҳои бузурги канданиҳои фоиданок дорад, ки асосан дар минтақаҳои кӯҳии Анд мутамарказ шудаанд. Дар кишвар тило, нуқра, платина, замрудҳо (то 90 % истихроҷи ҷаҳонӣ), ангиштсанг (Шаблон:Нет АИ 2), нафт (19 млн тонна/сол) ва гази табиӣ истихроҷ мешаванд. Конҳои мис, симоб, сурб ва марганетс таҳқиқ ва коркард шудаанд. Захираҳои уран маълуманд, вале (ҳадди ақал расман) коркард нашудаанд.

Саноат

Thumb
Медельин

Дар 20 соли охир соҳаҳои мошинсозӣ, коркардӣ, пойафзолсозӣ, кимиё ва нассоҷӣ босуръат рушд кардаанд. Марказҳои асосии саноат — Богота, Медельин ва Кали. Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ асосан ба коркарди камиши қанд, биринҷ, сабзавот ва меваҳо машғуланд.

Энергетика

Захираҳои умумии манбаъҳои энержии кишвар 7,254 млрд тут (дар эквиваленти ангишт) баҳогузорӣ шудаанд[69]. Тибқи маълумоти UNSD ва EES EAEC[70] то поёни соли 2019 энергетикаи Колумбия бо нишондодҳои зерин тавсиф мешавад: тавлиди сӯзишвории органикӣ — 209 673 ҳазор тут. Таъминоти умумӣ — 89 957 ҳазор тут. Барои тавлид дар нерӯгоҳҳо ва корхонаҳои гармидиҳӣ 8 071 ҳазор тут (9,0 % аз таъминоти умумӣ) масраф шудааст. Қудрати насбшуда (нетто) — 19 009 МВт, аз ҷумла: ТЭС — 36,2 %, МБЭ — 63,8 %. Истеҳсоли барқ (брутто) — 80 590 млн кВт∙соат, аз ҷумла: ТЭС — 32,0 %, ВБЭ — 68,0 %. Масрафи ниҳоии барқ — 67 171 млн кВт∙соат: саноат — 33,2 %, нақлиёт — 0,2 %, аҳолӣ — 36,9 %, бахши тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ — 24,3 %, кишоварзӣ, ҷангалдорӣ ва моҳидорӣ — 1,2 %, дигарон — 4,1 %. Нишондодҳои самаранокӣ (2019): ММД ба ҳар сари аҳолӣ (ППС, нархҳои номиналӣ) — 15 633 доллар; истеъмоли умумии барқ ба ҳар сари аҳолӣ — 1 360 кВт∙соат; истеъмоли барқи аҳолӣ — 502 кВт∙соат. Шумори соатҳои истифодаи қудрати насбшуда — 4 229 соат.

Нақлиёт

Масофаҳои бузург, ботлоқзорҳо, ҷангалҳо, кӯҳҳо ва камшумории аҳолӣ рушди нақлиёти заминро маҳдуд месозанд ва ба афзоиши нақлиёти ҳавоӣ мусоидат мекунанд.

Дар маҷмӯъ ~4 160 км роҳҳои оҳан ва беш аз 100 000 км роҳҳои автомобилгард вуҷуд дорад, аз ҷумла шоҳроҳи байналмилалӣ, ки Венесуэларо бо Эквадор мепайвандад ва аз ҳудуди Колумбия мегузарад.

Хати аввалини байналмилалии тиҷоратии ҳавоӣ дар соли 1919 ба кор даромад. Айни замон дар кишвар тақрибан 670 аэродром мавҷуд аст. Фурудгоҳҳои асосӣ дар Барранкиля, Меделин, Кали ва Богота ҷойгиранд.

Картахена де Индиас, Буэнавентура ва Барранкиля — бузургтарин бандарҳо мебошанд. Дарозии умумии шабакаи навигатсияи дарёӣ беш аз 14 000 км-ро ташкил медиҳад.

Remove ads

Аҳолӣ

Thumb
Пирамидаи синну ҷинсӣ-и аҳолии Колумбия барои соли 2020

Шумораи аҳолӣ — 50 459 942 нафар.

Афзоиши солонаи аҳолӣ — 1,2 %.

Муддати миёнаи умр — 71 сол барои мардон ва 77,8 сол барои занон.

Аҳолии шаҳрӣ — 74 % (соли 2008).

Саводнокӣ — 90,4 % (бар пояи барӯйхатгирии соли 2005).

Таркиби нажодӣ:

  • метисҳо (48 %);
  • сафедпӯстон (39 %);
  • сиёҳпустон (10,6 %);
  • индейсҳо (2,4 %).

Вазъи аҳолии бумӣ

Қонуни 11 октябри 1821 эълон кард, ки індеҳост (мардуми бумӣ) шаҳрвандони озоданд ва бо сафедпустон баробар ҳастанд, ва дар моддаи 3 тақсим намудани заминҳои ресгуардо (резервацияҳо)-ро байни аъзои ҷамоаҳо «ба ихтиёри комил ва моликияти онҳо, вақте шароит иҷозат диҳад ва дертар аз панҷ сол набошад» пешбинӣ мекард[71]. Дар асри XIX бархе аз индеҳо тавонистанд ба рутбаҳои баландҳои низомӣ ва мансабҳои идорӣ бирасанд[72]. Қонуни 1890 муайян мекард, ки аҳолии аслиии ресгуардо тибқи дастурҳои махсус идора мешаванд, на тибқи қонунҳои умумии Ҷумҳурӣ, ва тавассути миссияҳо «ба зиндагии мутамаддин» оварда мешаванд[71]. То 1960 дар кишвар 81 ресгуардо бо масоҳати умумии 400 ҳазор гектар боқӣ монд (қариб ҳамаашон дар ҷанубу ғарб)[73]. Дар асри XX муборизаи мардуми бумӣ барои ҳуқуқҳо боиси пазируфта шудани ресгуардо аз ҷониби давлат гардид ва дар заминҳои канорӣ байни 1965 ва 1986 158 резервация (reserva) бо масоҳати умумиашон 12 400 ҳазор гектар барои 128 ҳазор нафар таъсис дода шуд[74]. Конститутсияи соли 1991 ба забонҳои бумӣ мақоми маҳаллӣ, таҳсилоти ду забона дар ҷомеаҳои этникӣ дод ва ду ҷойро дар парлумон барои индеҳо резерв кард[75]. Конститутсия ҳамчунин ба қаламравҳои бумӣ ҳуқуқи худидоракунӣ ва истифодаи захираҳои табииро эътироф кард[76]. Дар натиҷа, соли 2005 Шӯъбаи масоили бумии Вазорати корҳои дохилӣ 567 ресгуардо-ро (бо ин вожа ҳамчунин резервацияҳои нав низ ном бурда мешаванд) бо масоҳати беш аз 36 500 ҳазор гектар ба қайд гирифт, ки дар онҳо каме беш аз 800 ҳазор нафар дар ҳайати 76 503 оила зиндагӣ мекарданд[76]. Бар асоси Фармони 1396 аз соли 1996 Комиссияи миллии ҳуқуқи инсон барои халқҳои бумӣ таъсис дода шуд[77].

Дин

Thumb
Кафедраи асосии Богота

Аксарияти кулли сокинони Колумбия — масеҳиён (95,7 %[78]). Мазҳаби масеҳӣ (дар шохаи католикии он) ҳамзамон бо истеъморгарони испанӣ ба қаламрави Колумбияи имрӯза роҳ ёфт ва хеле зуд байни аҳолии маҳаллӣ паҳн гардид. Дар асри XIX дар Колумбия протестантҳо зуҳур карданд, дар асри XX — православиён. Аз миёнаҳои асри XX раванди берунравии оммавии мӯъминон аз калисои католикӣ ва гузариш ба ҷамъиятҳои гуногуни протестантӣ мушоҳида мешавад; то ибтидои асри XXI нишондиҳандаи католикҳо дар аҳолии кишвар то 79 % поин рафт[79]. Шумораи протестантҳо аз 10 % то 17 % баҳогузорӣ мешавад[80][81]; пеш аз ҳама — панҷоҳрӯзагиён (2,9 млн). Шумораи православиён (асосан муҳоҷирон аз Ховари Миёна) — 12 ҳазор нафар[82].

Дар Колумбия ҳамчунин динҳои суннатии бумӣ нигоҳ дошта шудаанд, ки пайравонашон 305 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд[83]. Ҳанӯз 490 ҳазор колумбиягиён ба гуногуни урфу одатҳои спиритистӣ пайравӣ мекунанд, ки омехтаи динҳои бумӣ, анъанаҳои мазҳабии африқоӣ ва католикизм мебошанд[83].

Муҳоҷирони араб исломро пайравӣ мекунанд (14 ҳазор нафар[84]). Дар байни ҷомеаи чинӣ пайравони Дини мардумии чинӣ (2,4 ҳазор) ҳастанд; қисми чинӣ ва ҷопонӣ буддоияро пайравӣ мекунанд (2 ҳазор)[83]. Ҳиндуизм дар Колумбия (9 ҳазор[82]) асосан бо ҷараёнҳои неоҳиндуизм намояндагӣ мешавад. Дар Колумбия ҳамчунин 70 ҳазор пайрави дини баҳоӣ[85], 4,6 ҳазор яҳудиён[82] ва пайравони ҷараёнҳои нави динӣ зиндагӣ мекунанд.

Тақрибан 1,1 млн сокини Колумбия (2,4% аҳолӣ) бединанд[82].

Remove ads

Фарҳанг ва маориф

Thumb
Барранкиля


Дар ҳудуди Колумбия ду фарҳанг ба ҳам омехт: фарҳанги аврупоӣ, ки онро конкистадорони испанӣ дар асри XV оварда буданд, ва фарҳанги маҳаллӣ, ки аз омезиши тамаддунҳо ва халқҳои индеҳӣ шакл гирифта, хотираи ғании ҳазорсолаи худро боқӣ гузоштааст. Аҳолии кишвар омехтаи наслҳои аврупоиҳо, индеҳо ва ғуломони сиёҳпӯстони аз Африқо овардашуда аст. Бо вуҷуди он ки дар кишвар забони ягона — испанӣ ва дини ягона — католикӣ ҳукмфармост, Колумбия бо гуногунрангии бузурги этникӣ ва фарҳангӣ фарқ мекунад. Ба тамаддуни қадимии пешазколумбӣ — ба маҳоратҳои нодири индеҳо дар сохтани, шояд, комилтарин маснуоти тиллоӣ ва дигар мавод дар тамоми қораи Амрико — фарҳанг ва санъати Испания, мусиқӣ, рақс ва суннатҳои сиёҳпустон ва мулатоҳо, инчунин хаёли метисҳо илова шуд.

Маҳз дар ин ҷо реализми ҷодуӣ падид омад, ки бузургтарин намояндаи он Габриэл Гарсиа Маркес аст. Ин рангорангӣ дар асарҳои рассомони Колумбия, мисли Фернандо Ботеро, Алехандро Обрегон ва Гиљермо Видеман низ ҳузур дорад. Аз ҳамин ҷо решаҳои рақсҳо ва мусиқии тропикӣ — салса, кумбия, порро, валленато — меоянд. Маҳз бар ҳамин пояи таърихӣ навоварии ҷасуронаи фарҳанги колумбиягӣ шакл гирифт[86].

Забон

Забони испанӣ забони расмии Колумбия буда, қариб ҳамаи сокинони кишвар (99,2 %) ба он сухан мегӯянд, ба истиснои бархе қабилаҳои индеҳӣ[87]. Дар маҷмӯъ дар ҳудуди Колумбия 65 забони индеҳии боқимонда вуҷуд дорад, аммо шумораашон ҳар сол коҳиш меёбад[88][89]. Илова бар ин, ду забони креолӣ, забони лӯлиҳо ва забони ишораи колумбиягӣ низ мавҷуд аст; англисӣ дар департаменти Сан-Андрес ва Провиденсия мақоми расмӣ дорад[90].

Маорифи мактабӣ дар Колумбия дар баробари фанҳои умумӣ забони англисиро ҳам дарбар мегирад, аммо ҳоло танҳо қисми ками колумбиягиён метавонанд ба он равон сухан гӯянд.

Дар испании Колумбия лаҳҷаҳои зиёде мавҷуданд, ки аз ҷиҳати маъно, сохтор, синтаксис ва интонатсия фарқ мекунанд. Хусусиятҳои умумии испанӣ дар Америкаи Лотинӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар ҳифз мегарданд. Дар шимоли Колумбия гурӯҳи лаҳҷаҳои монанд, ки мардуми кариб (ба истилоҳ «костеҳос») ба онҳо сухан мегӯянд, ҷудо мешаванд. Дар ҷануб, дар Андҳо, лаҳҷа паҳн аст, ки ба лаҳҷаи кӯҳистони Эквадор ва Перу монанд аст (ба истилоҳ «испанӣ-и андаӣ»).

Испании Алтипланои Кундибойясенсе (исп. Altiplano Cundiboyacense) бо оҳанги бетараф ва талаффузи фаҳмо машҳур аст. Аз ин рӯ, он яке аз суннатитарин миёни ҳамаи лаҳҷаҳои испанӣ дониста мешавад, ки дар ду тарафи Уқёнуси Атлантик ба он сухан мегӯянд.

Забонҳо ва лаҳҷаҳои гурӯҳҳои этникии индеҳӣ дар қаламравҳои худ инчунин мақоми расмӣ доранд[91]. Ба забонҳои мардумӣ тақрибан 850 ҳазор колумбиягиён сухан мегӯянд[92][93]; бештар паҳншудаҳо гурӯҳҳои чибча, тукано, бора–витото, гуахибо ва дигарон мебошанд.

Мусиқии Колумбия

Thumb
Мусиқии суннатии Колумбия. Ҷашнвораи Порро дар Кордоба

Мусиқии суннатии Колумбия гуногунрангии миллӣ ва фарҳангии кишварро инъикос мекунад. Колумбияро «сарзамини ҳазор ритм» меноманд. Дар соҳили уқёнуси Ором ва минтақаҳои кӯҳии марказӣ мусиқии креолӣ бо хусусиятҳои хоси испанӣ ҳукмрон аст; дар вилоятҳои дохилӣ ва шарқӣ фарҳанги мусиқии бумӣ ҳифз шудааст; фолклори мусиқии соҳили Кариб таҳти таъсири мусиқии африқоӣ ташаккул ёфтааст.

Шаклҳои асосии суруду рақси мусиқии креолӣ — бамбуко, пасило, торбелино, гуабина ва дигар навъҳо мебошанд. Дар созҳои мусиқӣ асосан асбобҳои тории зангдор — типле (навъи гитор), бандола ва рекинто истифода мешаванд.

Thumb
Мусиқии попи муосири Колумбия. Шакира

Барои мусиқии бумӣ (индейӣ) пентатоника, якҷояшавии ҷудонашавандаи суруд, рақсу навозиш хос аст; истифодаи созҳои нафасӣ (найҳои найшакарӣ, найҳои чӯбӣ — фотуто) ва зарбиву садобарор (навъҳои гуногуни табл, ксилофони зарбӣ — мангуаре, ҷарингакҳо) фаровон аст.

Фолклори мусиқии африқоии Колумбия бо ритми дудараҷа, синкопаҳои тез, полиритмия ва бартарии асбобҳои зарбӣ фарқ мекунад. Шаклҳои маъруфи мусиқиву рақсии он — порро, кумбия, валленато, меренге ва румба мебошанд.[94]

Адабиёт

Номдортарин нависандаи колумбиёӣ барандаи Ҷоизаи Нобел (1982), классики адабиёти ҷаҳонии асри XX — Габриэл Гарсиа Маркес мебошад.

ВАО

Ширкати давлатии радио ва телевизиони Колумбия — RTVC Sistema de Medios Públicos соли 1954 ҳамчун Radiotelevisora Nacional de Colombia таъсис ёфта, аз соли 1963 бо номи Inravisión (Instituto Nacional de Radio y Televisión — «Пажӯҳишгоҳи миллии радио ва телевизион») фаъолият мекунад. Он фарогири шабакаҳои зер мебошад:

  • шабакаи телевизионии Canal Uno (ҳамон Cadena Uno, Televisora Nacional de Colombia, Canal Nacional, таъсисёфта соли 1954),
  • Canal InstitucionalCadena Dos, таъсисёфта соли 1972),
  • Señal ColombiaCadena 3, таъсисёфта соли 1972),
  • радиои Radio Nacional de Colombia (таъсисёфта соли 1929),
  • ва Radiónica (таъсисёфта соли 2005).

Синамо

Теленовеллаҳо қисми асосии вақти пахши телевизиони Колумбияро ишғол мекунанд, ки ба онҳо имкон медиҳад сатҳи иқтисодии қавиро нигоҳ доранд ва фазои фарҳангӣ ва журналистиро дастгирӣ кунанд. Онҳо аз бозори миллӣ берун рафта, дар дигар кишварҳо низ машҳур шудаанд. Ширкатҳои байналмилалӣ меъёрҳо ва принсипҳои ҳамгироии маҳсулоти аудиовизуалии Амрикои Лотиниро муайян мекунанд. Дар айни замон истеҳсоли асосии онҳо дар дасти шабакаҳои телевизионии маъруфи хусусӣ — Caracol Televisión ва Canal RCN мебошад.

Варзиш

Thumb
Радамел Фалкао Гарсия — беҳтарин нишонзан дар таърихи тими миллӣ

Дастаи миллии футболи Колумбия ғолиби Ҷоми Амрикои ҷанубӣ дар соли 2001 шудааст. Клубҳои колумбиягӣ («Атлетико Насонал» ва «Онсе Калдас») ду маротиба Ҷоми Либертадоресро ба даст овардаанд. Дастаи миллии Колумбия дар Ҷоми ҷаҳонии футбол 2014 ба 1/4 финал роҳ ёфт. Аз соли 2017 Қаҳрамонии футболи занонаи Колумбия низ баргузор мешавад.

Аз солҳои 2000-ум варзиши кӯчагӣ бо номи ҷимбарр дар Колумбия хеле машҳур гашт, гарчанде ки он аз нимаи асри XX инкишоф ёфта буд[95].

Дар Бозиҳои олимпӣ варзишгарони Колумбия аз соли 1932 ширкат меварзанд ва аз он замон то имрӯз 19 медал ба даст овардаанд, аз ҷумла 2 тилло. Варзишгари вазнабардор Мария Уррутия соли 2000 аввалин қаҳрамони олимпии Колумбия гардид. Соли 2012 дувумин тилло ба шарофати дучархасавори 20-сола Мариана Пахон дар мусобиқаи BMX(Дучархаи Би Эм Икс) ба даст омад. Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон барои Колумбия муваффақтарин шуданд — онҳо 8 медал дар 5 навъи варзиш (дзюдо, гӯштин, вазнабардорӣ, сабукатлетика ва дучархасаворӣ) ба даст оварданд.

Осорхонаҳо

Дар Колумбия осорхонаҳои зиёде мавҷуданд — таърих, археология, мардумшиносӣ, силоҳ, рассомӣ, антропология, тилло (танҳо осорхонаи тиллои ҷаҳон бо 24 ҳазор ашёи қадимаи бумӣ аз тилло ва зумуррад), инчунин санъати давраи мустамликавӣ. Хонаи-осорхонаи роҳбари мубориза барои истиқлолияти мустамликаҳои Испания дар Амрико — Симон Боливар дар шаҳри Богота ҷойгир аст.

Remove ads

Идҳои Колумбия

Мақолаи асосӣ: Идҳои Колумбия

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads