From Wikipedia, the free encyclopedia
Педро Санчес Перес-Кастехон ( исп. Pedro Sánchez Pérez-Castejón ; 29 феврали 1972, Мадрид ) - Иқтисоддон ва сиёсатмадори испанӣ , Котиби генералии Ҳизби сотсиалистии коргарии Испания (ҲСКИ) аз 26 июли соли 2014 то 1 октябри соли 2016 ва аз 17 июни соли 2017. Сарвазири Испания аз 2 июни соли 2018.
исп. Pedro Sánchez | |
аз 2 июн 2018 | |
Пешгузашта | Мариано Рахой |
Таваллуд |
29 феврал 1972[1][2][3] (52 сол) |
Падар | Pedro Sánchez Hernández[d] |
Модар | Magdalena Pérez-Castejón Barrios[d] |
Ҳамсар | Begoña Gómez[d][4][5] |
Фарзандон | Carlota Sánchez Gómez[d] ва Ainhoa Sánchez Gómez[d][6] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Дараҷаи илмӣ | Phd in economics and business management[d][11] |
Фаъолият | сиёсатмадор |
Эътиқод | атеизм[12] |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | sanchezcastejon.es(исп.) |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Соли 1995 дар Донишгоҳи Мадрид дараҷаи бакалаври иқтисодро гирифт ва баъдтар таҳсилашро дар Донишгоҳи Врижеи Брюссел идома дод . Дар соли 2012 ӯ дар Донишгоҳи Камило Хосе Села унвони докториро гирифтааст .
Фаъолияти сиёсии худро дар Созмони ҷавонони Ҳизби сотсиалистии коргарии Испания (ҲСКИ) оғоз кардааст. Вай ба ҳайси мушовири сиёсӣ дар Парлумони Аврупо, дар дафтари намояндаи СММ дар Босния ва Ҳерсеговина ва дар идоракунии ҳизб кор кардааст. Аз соли 2004 то 2009 узви Шӯрои шаҳри Мадрид буд. Соли 2008 дар Донишгоҳи Камило Хосе Села муаллими иқтисод шуд. Вай баъдтар аъзои Конгресси вакилон, палатаи поёнии генерал Кортес интихоб шуд .
1 июни соли 2018 порлумон дар бораи сарнавишти сарвазири феълӣ Мариано Рахой, ки ҳизбаш дар моҷарои коррупсионӣ даст дошт, раъйпурсӣ баргузор кард: 180 вакил раъйи нобоварӣ, 169 нафар раъйи - зид, як овоз бетараф. [13] Баъд аз ин, шоҳи Испания Филипп VI ба мақоми сарвазири нави кишвар, Педро Санчесро пешниҳод кард, ва ӯ ба кор шурӯъ кард.
Мариано Рахой баъд аз ба истеъфо баромадан, ба Девони вазирон номи нав дод: "Ҳукумати Франкенштейн" (зеро ки фраксияҳои аз ҷиҳати идеолужӣ мухталифи парлумонӣ танҳо бо нафрати умумӣ ба ҳизби ҳокими халқӣ солҳои тӯлонӣ муттаҳид мешуданд) ва ӯ инчунин ибтидои давраи ноустувории иқтисодӣ дар Испанияро пешгӯӣ кард [14].
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.