Соли 2004

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Соли 2004 (ду ҳазору чорум) дар гоҳшумории мелодӣсоли кабиса, оғоз дар рӯзи панҷшанбе. Ин 2004 соли даврони ҳозир, 4 соли ҳазораи 3, 4 соли садаи XXI, 4 соли даҳаи 1 садаи XXI, 5 соли даҳаи 2000-ум.

Рӯйдодҳо

Январ

  • 4 январ — роҳбари ҳаракати миллӣ Михаил Саакашвилӣ дар интихоботи призидентии Гурҷистон ғолиб омад.
  • 4 январМарсоход MER-A (Спирит) бо муваффақият ба сайёраи Марс (сайёра) баромад.
  • 19 январ — дар кинофестивали «Санденс» намоиши нахустини филми «Пила: Бозӣ барои муборизаи ҳаёт (филм)»
  • 27 январ - нусхаи Википедияи Тоҷикӣ, Донишномаи электронӣ бо забони тоҷикӣ таъсис ёфтааст.

Апрел

  • 22-уми апрел —Дар натиҷаи барҳамхӯрии ду қатора ва таркиши баъди он ба вуқӯъ пайваста дар шаҳри Йончхон (Кореяи Шимолӣ) тақрибан 150 нафар одамон фавтиданд.

Май

Июн

  • 13 июн — дар Парлумони Аврупо Иттиҳоди Аврупо интихобот баргузор гардид. Ғолибиятро намояндагони блоки ҳизби консерваторҳо ба даст овард (зиёда аз 250 овоз). Ҷои дуюмро бошад блоки ҳизбҳои сотсиалистӣ ишғол намуд (қариб 200 овоз). Ба Парлумони Аврупо намояндагони дигар гурӯҳои ҳизбӣ низ интихоб шуданд.
  • 17 июн — дар як вақт ду гурӯҳи татқиқотӣ новобаста аз ҳамдигар бори аввал телепортатсияи квантии атомҳоро баровардан.
  • 21 июн — бори якум дар дунё киштии кайҳонии шахсӣ «SpaceShipOne» ба кайҳон баромад.

Июл

  • 1 июл — Тачҳизоти кайҳонии Кассинӣ-Гюйгенс баъди 7 соли сайру гашт ба системаи Зуҳал (сайёра) расид ва ба тадқиқоти давра, сайёраҳо ва магнитосфераи Зуҳал шурӯъ кард.
  • 4 июл — Дар шаҳри Лиссабони Португалия бозии ниҳойии Чемпионати Аврупо оид ба футбол баргузор гардид. Дар ин бозӣ тимҳои футболи Португалия ва Юнон бо ҳам қувваозмоӣ карданд. Тими Юнон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.
  • 21 июл — дар 17 конфронс оид ба НУН (назарияи умумии нисбият ва гравитатсия), ки дар шаҳри Дублини Ирландия баргузор гардид, астрофизик Стивен Хокинг бо маърӯзаи худ барои ҳалли мушкилоти "нобудшавии маълумот дар шикофии сиёҳ" баромад кард, ки 30 сол боз ҳалли худро наёфта буд.

Август

  • Август — дар шаҳри Москав сохтмони меҳмонхонаи боҳашамати «Москва» ба анҷом расид, ки солҳои 30-ми асри XX сохта шуда буд.
  • 24 август — тақрибан дар як вақт, дар Русия ду тайёраи мусофирбар ба садама дучор шуданд: Ту-154Б2 тайёраи авиакомпанияи «Сибир», ки аз фурудгоҳи Домодедовои (Москав) ба Сочӣ парвоз мекард, (дар вилояти Ростов ба садама дучор гардид, ки 51 нафар одамон ҳалок шуданд, ва тайёраи Ту-134а-и авиакомпанияи "Волга-Авиаэкспресс",аз аэропорти Домодедовои (Москав) ба Волгоград парвоз мекард, (дар вилояти Тулск ба садама дучор гардид,ки 42 нафар одамон ҳалок шуданд). Кофтукоб маълум намуд, ки дар ҳар дуи садама амалиёти терррористӣ аз тарафи занҳои қотил ба вуқӯъ пайвастааст.
  • 31 август — амали террористӣ дар шабакаи метрои «Рижская» дар Москав аз тарафи террористон ба вуқӯъ пайваст. Дар инҷо низ қотилзан гунаҳгор аст. На камтар аз 10 нафар одамон ҳалок шуданд.

Сентябр

  • 1 сентябр — террористон бинои мактаби шаҳри Бесланро ( Осетияи Шимолӣ муҳосира намуданд.
  • 21 сентябр — сохтмони аз ҳама бинои балантарин дар дунё — Бурҷи Дубай ба кори худ шурӯъ кард.

Октябр

Ноябр

  • 2 ноябр — интихоботи президенти кишвар дар ИМА: ду номзад:президенти кунунӣ Ҷорҷ Буш ва сенатор Ҷон Кэррӣ (en:John Kerry). Дар ин интихобот Ҷорҷ Буш ғолиб омад.
  • 21 ноябр — давраи дуюми интихоботи Украина баргузор гардид: сарвазири кунунӣ Виктор Янукович (49 %) ва Виктор Юшенко (46 %) овоз гирифтанд.
  • 21-22 ноябр — саммити созмони Ҳамкории иқтисодии Осиёву Уқёнуси Ором дар Сантиягои (Чилӣ баргузор гардид.
  • 22 ноябр — Дар Украина «Инқилобӣ норанҷӣ» сар шуд.
  • 24 ноября — дар шаҳри Санкт-Петербург кушодашавии тантанавии бинои нави Консули Генералии Финляндия баргузор гардид.

Декабр

  • 26 декабрЗаминҷунбӣ дар уқёнуси Ҳинд ба вуқӯъ пайваст, ки калонтарин заминҷунбӣ дар уқёнуси Ҳинд ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи сунамӣ тақрибан 230 ҳазор одамон ҳалок шуданд.
  • 26 декабр — дар натиҷаи даври сеюми интихоботи президент дар Украина пешвои мухолифин Виктор Юшенко ғолиб омад.
Remove ads

Зодрӯзҳо

Боз нигаред: Гурӯҳ:Зодагони соли 2004

Даргузаштҳо

Боз нигаред: Гурӯҳ:Даргузаштагони соли 2004

  • 10-уми февралСергей Аверинтсев — филологи барҷастаи рус.
  • 9-уми майАҳмад Қадиров — президенти Ҷумҳурии Чеченистон, ки дар натиҷаи амали террористӣ ҳалок гардид.
  • 5-уми июнРоналд Рейган, президенти 40-ми ИМА.
  • 10-уми июнРэй Чарлз, мусиқанавози америкоӣ.
  • 17-уми июнЯсек Курон, сиёсатмадор ва арбоби давлатии Полша.
  • 3-юми июлАндриян Николаев — кайҳонаварди Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ.
  • 15-уми июлҶарлз Суинӣ, лётчики америкоие, ки бмбаи атомиро ба шаҳри Нагасакии Ҷопон, дар соли 1945 партофта буд.
  • 2-уми августАнрӣ Картӣе-Брессон,, аксбардори бузурги фаронсавӣ.
  • 12-уми августАлексей Леонтев, равоншинос ва забоншиноси рус.
  • 14-уми августЧеслав Милош, шоири лаҳистонӣ, барандаи ҷоизаи Нобелӣ дар соҳаи адабиёт дар соли 1980.
  • 18-уми сентябрКлара Румянова, ҳунарманди рус.
  • 24-уми сентябрФрансуаза Саган, Нависандаи Фаронсавӣ (с.тав. 1935).
  • 8-уми октябрЖак Деррида, файласуф ва адиби Фаронсавӣ.
  • 11-уми ноябрЁсир Арафот — намоёнтарин арбоб ва сиёсатмадори радикалӣ нимаи дуюми асри XX , ки мақсадаш аз байнбарии Изроил ва сохтани давлати Фаластин буд.
  • 30-уми ноябрАлексей Хвостенко, шоири рус.
  • 10-уми декабрРаднэр Муратов, ҳунарманд, Артисти хизматнишондодаи РСФСР (с.тав 1928).

Ҷоизаи Нобелӣ

  • Ҷоизаи Нобелӣ оид ба физикаДэвид Гросс (David J. Gross), Дэвид Политсер (H. David Politzer), Франк Вилчек (Frank Wilczek)
  • Ҷоизаи Нобелӣ оид ба химияАарон Сехановер, Абрам Гершко ва Ирвин Роуз.
  • Ҷоизаи Нобелӣ оид ба тандурустӣРичард Эксел, Линда Бак.
  • Ҷоизаи Нобелӣ оид ба иқтисодӣФинн Кидланд, Эдвард Прескотт.
  • Ҷоизаи Нобелӣ оид ба адабиётЭлфрида Елинек.
  • Ҷоизаи Нобелии сулҳВангарӣ Маатаӣ.
Remove ads

Боз нигаред

  • Соли 2004 дар мусиқӣ
Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads