MediaWiki
From Wikipedia, the free encyclopedia
MediaWiki (МедиаВики) — нармафзори кушода барои вики-лоиҳаҳо мебошад. Ин вики-нармафзори пуриқтидор махсус барои навиштани Википедиа пешбинӣ шуда, ҳозир бошад дар бисёре аз лоиҳаҳои бунёди «Викимедиа», ҳамчунин дигар ташкилоти давлативу хусусӣ истифода бурда мешавад. MediaWiki таъминоти барномавии озод мебошад, ки таҳти Иҷозатномаи кулли GNU паҳн карда мешавад.
Quick Facts Навъ, Тавсеъадиҳанда ...
Навъ | вики[d] |
---|---|
Тавсеъадиҳанда | Wikimedia |
Навишташуда дар | PHP[1] ва JavaScript[d] |
Системомил | cross-platform[d][2] |
Нахустин нусха | 25 январ 2002 |
Платформаи дастгоҳӣ | cross-platform[d][2] |
Охирин нусха | |
Иҷозатнома | GNU General Public License, version 2.0 or later[d][5] |
Вебгоҳ | mediawiki.org |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Close
MediaWiki дар забони PHP навишта шуда ва барои нигоҳдории додаҳо махзани маълумотҳои робитавиро истифода менамояд (метавон аз MySQL, PostgreSQL, SQLite ва Oracle истифода бурд); барномаҳои memcached ва Squid пуштибонӣ менамояд.