Алишер Мирзонабот
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Алишер Худобердӣ Мирзонабот (Мирзонаботов) (27 августи соли 1980, ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҶШС Тоҷикистон) — арбоби низомӣ ва давлатии тоҷик, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII. генерал-майор.
Remove ads
Зиндагинома
Алишер Мирзонабот 27 августи соли 1980 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1997 мактаби рақами 4-и ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва соли 2003 Донишкадаи ҳарбии КНБ-и Ҷумҳурии Қазоқистонро хатм кардааст. Инчунин муҳассилини Академияи сарҳадии Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Россия (2006) ва Мактаби Олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018) буд.
Фаъолияти низомӣ
Баъди хатми мактаб дар сафи қӯшунҳои сарҳадӣ, аз соли 1998 то соли 2000 дар қисми низомии 2730 (Душанбе) хидмат кардааст.
Моҳи марти соли 2003 муовини сардори ситоди қисми 2107-и Қӯшунҳои сарҳадии ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон, аз январи соли 2004 то моҳи августи соли 2005 сардори ситоди як қисми ҳарбӣ шуда, баъдан дар вазифаҳои гуногун дар қӯшунҳои сарҳадӣ то соли 2017 хидмат кардааст.
Моҳи сентябри соли 2017 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор карда, то моҳи сентябри соли 2018 дар ин мақом кор кардааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
Моҳи сентябри соли 2018 муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд.
- 24 ноябри соли 2020 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Хоруғ таъйин шуд[1].
- 5 ноябри соли 2021 бо фармони Президенти Тоҷикистон Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуда, дар ин вазифа Ёдгор Файзовро иваз кард[2].[3]
- Аз 26 августи соли 2022 аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 дар ҷараёни даъват узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI интихоб шудааст.[4]
- Аз 28 марти соли 2025 аз ҳавзаи интихоботии ВМКБ №1 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII интихоб шудааст.
- Аз 11 апрели соли 2025 - Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030.[5].
Рутбаи ҳарбии генерал-майорро дошта, барои хизматҳои сазовор ва содиқона ба давлату миллати тоҷик бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидааст.[6]
Remove ads
Мукофот
Оила
Оиладор, чор фарзанд.
Эзоҳ
Пайвандҳо
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads